10 июни соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ бо сиёсатмадори шинохта, сенатори Фаронса Эрве Море мулоқот кард, ки зимни он робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо доир ба роҳу василаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба, хусусан аз тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони парлумони Тоҷикистон ва Фаронса мубодилаи афкор намуданд.
Таваҷҷуҳи ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг ҷалб гардида, аҳамияти тавсеаи пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои мутақобилаи байни кишварҳо таъкид гардид.
Вохӯрӣ ба таври созанда сурат гирифта, дар он атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро сурат гирифт.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон