Панҷуми апрели соли 2024 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо роҳбари Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артурван Дизен мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
- Ҳамкориҳои мо тавассути як қатор барномаҳо дар самтҳои мухталиф дар солҳои охир дар асоси уҳдадориҳои байналмилалӣ, аз қабили Ҳадафҳои рушди устувор, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», аз ҷумла афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ, амалӣ карда мешавад, — таъкид намуд Мавсума Муинӣ.
Номбурда, ҳамчунин, гуфт, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такмилу таҳияи қонунгузории миллӣ ба хотири ҳифзи кӯдак, риояи ҳуқуқу озодии онҳо, саломатии кӯдакону наврасон, фаъолгардонии онҳо дар раванди дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ фаъол буда, пайваста таҷрибаи дигар кишварҳоро дар ин самт мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.
- Мехоҳам вобаста ба саҳми арзандаи кумаки дафтари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадорӣ дар таъмини ваксинаҳои COVID-19 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути механизми COVAX дар вазъияти хеле вазнин ва зимни мубориза бо вирус, ҳамчунин, ҷараёни бозгардонии шаҳрвандони мо, бахусус кӯдакон, аз кишварҳои Ховари Миёна, дастгирии техникӣ ва ҷалби равоншиносон изҳори миннатдорӣ намоям, — гуфт дар фарҷом М. Муинӣ.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, густариши минбаъдаи муносибатҳо дар доираи Хазинаи кӯдакони СММ баррасӣ шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМОҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ