Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Николай Журавлёв

№32 (4615) 03.03.2023

DSC_6767Дуюми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлёв — ҳамраи­сони Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия доир гардид.

Ҷонибҳо ба амалигардонии вазифаҳои аввалиндараҷаи рушди муносибатҳои дуҷониба, ки зимни мулоқотҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко муайян гардидаанд, инчунин татбиқи чорабиниҳои нақшаи кори Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Инчунин, дар рафти суҳбат дигар масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории байнипарламентӣ ва дурнамои рушди робитаҳои байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.majmilli.tj