Мулоқоти Раҷабзода Равшан бо Афарин Шаҳидзаде

№108 (4528) 31.08.2022

IMG_036930 августи соли 2022 мулоқоти Равшан Раҷабзода – Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сардори раёсати муассисаҳои миллӣ ва механизмҳои минтақавии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон хонум Афарин Шаҳидзаде доир гардид.

Зимни он масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳо, густариши фаъолияти мақомоти қонунгузор доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

 мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон