22 август дар ҳошияи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва имконияти баррасии масоили ҳамкории ду кишвар изҳори сипоси самимӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад. Дар давраи сипаришуда Тоҷикистону Чин дар тамоми соҳаҳои ҳамкории дуҷониба ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сатҳи муносибатҳо аз ташкили робитаҳои муқаррарии дуҷониба то барқарории шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки байни кишварҳои мо муносибатҳои дӯстии самимӣ, ҳамсоягии нек, эътимоди амиқ ва дастгирии тарафайн ба вуҷуд омада, дар заминаи мусоиди ҳуқуқии фароҳамгардида рушд меёбанд. Дар ҷанбаи сиёсӣ низ муносибатҳои байниҳамдигарии ду кишвар ба муштаракот ва наздикии мавқеи ду давлат дар масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ такя мекунад.
Ҷонибҳо ба муколамаи доимии байнидавлатии созанда дар сатҳи олӣ ва баланд, саҳми бузурги роҳбарони ду давлат дар таъмини рушди устувори ҳамкориҳои дуҷониба баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, ба пешрафти минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тавсеаи мунтазами робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии Ҳукумати Чин ҷиҳати татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ дар Тоҷикистон ва кумакҳои башардӯстона изҳори сипос карданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар қолаби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва дигар созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, савдо, ҷалби сармояи бахши соҳибкории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, коркарди захираҳои маъдан, кишоварзӣ, дорусозиро, ки ба ташаккули занҷираи истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, муҳокима намуданд.
Ҷалби сармоя ва технологияи муосири Чин дар рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон, суръат бахшидани сохтмони хатти «D»-и лӯлаи гази «Туркманистон – Ӯзбекистон – Тоҷикистон – Қирғизистон – Чин», ба роҳ мондани тадқиқотҳои муштараки илмӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба парваришу коркарди меваю сабзавоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, пахта, ҷуворимакка ва гандум, инчунин ҳамкорӣ дар бахши савдои электронӣ зарур шуморида шуд.
Дар доираи рушди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, тавсеаи иқтидори долонҳои транзитӣ ва дар ин робита азнавсозии нуқтаи назоратию гузаргоҳии «Қулма-Қаросу», амалисозии марҳилаи дуюми роҳи мошингарди Душанбе-Қулма, васеъ кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни ду кишвар муҳим арзёбӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот бо таваҷҷуҳ ба афзалияти рушди ҳамкории илмию техникӣ, инноватсия ва технологияҳои баланд, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси заминаҳои истеҳсолӣ дар асоси «технологияи сабз», аз ҷумла ба роҳ мондани истеҳсоли нақлиёти барқӣ, панелҳои офтобӣ ва шабакаҳои барқии «ҳушманд» дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оваранд.
Даъват бо хушнудӣ қабул гардид.