Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин

№ 03.03.2023

DSC_6829Сеюми марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо иштироки ҳайатҳо мулоқот анҷом доданд.

Зимни мулоқот дар атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Россия мубодилаи афкор сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ зикр карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ҳар ду кишвар дар ҳама самт бемайлон рушд меёбанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки робитаҳои байнипарламентӣ ҳамчун шохаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб рафта, мунтазам дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои федератсия саҳми муносибро дар таҳкими шарикии стратегии кишварҳо мегузорад. Ҳамчунин, робитаҳои парламентҳои ҳар ду кишвар дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ амалӣ мегарданд.

Дар идомаи мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун унсури калидии шарикии байни ҳар ду кишвар зикр гардида, ба масъалаҳои саноатикунонии босуръат, аз ҷумла густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорат, саноатҳои маъдан, сабук, хӯрокворӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ, тавассути ҷалби сармояи мустақими россиягӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Инчунин, ҳавасмандии ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳои байни минтақаҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин самт, таъкид гардид.

Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ, густариши робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду кишвар, омӯзиши забони русӣ, инчунин дигар самтҳои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ибрози назар карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва муқовимат ба муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ, вазъи амнияти минтақа бо таваҷҷуҳ ба вазъият дар Афғонистон, инчунин дигар масъалаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.