Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон

№91 (4831) 17.07.2024

49bb7c13-9909-4a0e-8c7a-4366a5e4fec6Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Бозиҳои 33-юми олимпии шаҳри Парижи Фаронса иштирок менамоянд, мулоқот анҷом доданд.

Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар вохӯрӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки варзишгарон дар чунин чорабиниҳои бонуфузи варзишӣ на танҳо бо касбият ва қобилияти фавқулода, балки бо хушахлоқӣ ва рафтору кирдори намунавӣ низ муаррифгари меҳан ва фарҳанги хеш мебошанд.

Инчунин, иброз гардид, ки дастгирии ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст, аз ҷумла варзишгарон, ҳамеша дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри инкишоф ва сайқали варзишии онҳо дар мамлакат тамоми шароит муҳайё мебошад.

Изҳори боварӣ шуд, ки дар оянда варзишгарони тоҷик аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, шумораи роҳхатҳоро ба чунин мусобиқаҳои бонуфуз бештар менамоянд.

Таъкид гардид, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 варзишгароне, ки сазовори зинаҳои ифтихорӣ мегарданд, аз номи Раиси шаҳри Душанбе бо хонаҳои 3, 2 ва 1-ҳуҷрадор дар пойтахти мамлакат сарфароз мешаванд.

 Дар охир муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ Парчами давлатии кишварро ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон тақдим намуда, ба ҳамаи онҳо барору музаффарият таманно намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 33-юми олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми августи соли равон баргузор мегарданд. Барномаи бозиҳо аз 32 намуди варзиш иборат буда, иштироки 10500 варзишгар аз 206 давлати дунё дар назар аст.

Иштирокчиён давоми 17 рӯз барои 329 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд.

Дар ин чорабинии муҳими варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таеквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук, муаррифӣ хоҳанд намуд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»