20 — уми марти соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку муҳтарам Элдар Азизов мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи равобити дӯстонаи ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сиёсати созандаву бунёдкоронаи роҳбарони олии ҳар ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Илҳом Алиевро дар тавсеаву тақвияти маҷмӯи муносибатҳои дӯстонаи тарафайн таъкид карданд.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории гуногунҷанбаи шаҳрҳои Душанбе ва Боку, тақвияти корҳо дар самти фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои пешбурди фаъолияти тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар мубодилаи таҷриба дар байни субъектҳои хоҷагидории шаҳрҳо ҳавасмандӣ изҳор намуданд.
АМИТ «Ховар»