Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Иван Сао

№27-28 (4767-4768) 29.02.2024

425401837_865896562214935_9211388858663233925_n28-уми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ Иван Сао мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Вобаста ба самти фаъолияти ширкат ва имконияти ҳар ду давлат Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ намудани ҳамкориро дар самти рушди мошинсозӣ дар шаҳри Душанбе ба манфиати ҳар ду ҷониб арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, доир ба амалӣ намудани ҳамкорӣ дар самти бандубасти микроавтобусҳои барқӣ, воридоти аккумуляторҳо барои воситаҳои нақлиёти барқию дигар қисмҳои эҳтиётӣ, воситаҳои нақлиётии боркаши барқии то 5 тонна ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ибрози назар карда шуд.