Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Йорк Шуграф

№149 (4732) 07.12.2023

Германия6-уми декабри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии Йорк Шуграфро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умед карданд, ки он барои тақвияти муносибатҳои ҳар ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Германияро баррасӣ карда, рушди рӯзафзуни онро дар муддати беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатии байни ҳар ду давлат қайд намуданд.

Аз сатҳи ҳамкориҳо бо ҷониби Германия дар пешбурди шарикӣ ва саҳмгузорӣ баҳри рушди босубот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар рафти суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

www.majmilli.tj