Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Квон Донгсок

№19 (4759) 09.02.2024

photo_2024-02-08_13-07-017-уми феврали соли 2024 ­Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии ­Тоҷики­с­­тон Квон Донгсок бо хоҳиши ӯ мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея мавриди музокира қарор дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе Квон Донгсокро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки сафир бо талошу фаъолияти самарабахш ҷиҳати такони тоза бахшидан ба муносибатҳои шарикии давлатҳо дар арсаҳои гуногуни ҳамкорӣ саҳми арзанда мегузорад.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъкид намуданд, ки Корея ва Тоҷикистон дорои имконият ва захираҳои фаровони ҳамкориҳои гуногунҷанба мебошанд. Давоми солҳои барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкориҳои мутақобилан суд­манд дар соҳаҳои гуногун амалӣ шудаанд.

Иштирокчиёни мулоқот ҳавасмандиашонро ҷиҳати рушду густариши бештари ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурии Корея, аз ҷумла дар соҳаҳои инфрасохтори шаҳрдорӣ, рақамикунонии соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ, рушди муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон вобаста ба бунёди корхонаҳои муштарак, таъкид намуданд.