17 майи соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо узви доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Хитой, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Чжаншу ба таври фосилавӣ мулоқот намуданд.
Дар он, ки бо хоҳиши ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба, таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бо таваҷҷуҳ ба 30-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқотро ҷузъи муҳими чорабиниҳо бахшида ба ин рӯйдоди таърихӣ арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки рушди робитаҳои гуногунҷанба бо Хитой дар заминаи таваҷҷуҳи хосаи сарони давлатҳо ва пояи боэътимоди ҳуқуқӣ, дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҳамкории байнипарламентӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои Тоҷикистону Хитой буда, парламентҳои кишварҳо дар пешбурди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд. Ҷонибҳо аз тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ дар сатҳи дуҷониба ва дар доираи ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин равобити зичи роҳбарияти парламенти Тоҷикистон бо Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ба тавсеаи бештари ҳамкорӣ, хусусан дар самти ҷалби сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳавасманд мебошад.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангу иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, инчунин, ҳамкории босамари байни минтақаҳои ҳар ду давлат аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои шарикии дуҷониба маънидод гардид.
Ба ҷониби Хитой барои расонидани кумаки моддӣ дар шакли ваксинаҳои зидди коронавирус дар давраи паҳншавии бемории сироятӣ изҳори сипос карда шуд.
Зимни мулоқот таваҷҷуҳи ҷониби Хитой асосан ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ, рушди ҳамкорӣ дар самти сохтмону таҷдиди иншооти энергетикӣ ва таҳкими заминаҳои истеҳсоли «технологияи сабз», бахусус мошинҳои электрикӣ ва панелҳои офтобӣ, идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои нақлиёт, логистика, рақамикунонии соҳаи нақлиёту коммуникатсия, ҳар чӣ зудтар барқарор кардани алоқаи ҳавоӣ байни давлатҳо, роҳандозӣ кардани имтиёзҳои гумрукӣ барои интиқоли молҳои ниёзи мардум, афзоиш додани содироти маҳсулоти тозаи кишоварзӣ ва ғайра ҷалб карда шуд.
Ҷонибҳо зимни баррасии мавзӯи амниятӣ ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои киберӣ, инчунин, таъмини амнияту субот дар шароити авзои мураккаби аксар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ба рушди робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои байналмилалию митақавӣ аҳамияти хоса дода шуд.
Дар охир Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитоии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Чжаншу даъват ба амал овард, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.
Муҳтарам Ли Чжаншу низ муҳтарам Рустами Эмомалиро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ дар фурсати барояшон муносиб ба Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват намуд.
Даъват аз ҳар ду ҷониб бо хушнудӣ пазируфта шуд.
www.majmilli.tj