Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Марат Хуснулин

№120 (4860) 07.10.2024

photo_2024-10-04_16-07-554-уми октябри соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Марат Хуснулин мулоқот анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид намуданд, ки тав­сеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дошта, нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ин самт хеле назаррас аст. Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҳамкории байнипарламентӣ байни ҳар ду кишвар тамоюли мусбати рушд дорад.

Ҷонибҳо зарурати идомаи талош­ҳои муштаракро ҷиҳати тавсеа ва фаъолгардонии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ иброз намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат, инчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

www.dushanbe.tj