Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Масъуди Пизишкиён

№9 (4905) 20.01.2025

173702776111716-уми январи соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд, мулоқот намуданд.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти кишвари дӯсту бародари Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикис­тон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва раванди ҳамкориҳои судманди ҳар ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дар атрофи маҷмуи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин, дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайни минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.

www.majmilli.tj