Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат

№18 (4913) 06.02.2025

photo_5260666263187882955_yСеюми феврали соли 2025 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулони соҳаи футболи мамлакат мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот роҳбарони гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони федератсияҳои футбол дар минтақаҳои кишвар, роҳбарони бонкҳои давлатию тиҷоратӣ, инчунин, намояндагони бахши хусусӣ иштирок доштанд.

Дар оғози мулоқот муҳтарам Рустами Эмомалӣ зикр намуданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои дар мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат ироагардида аз 3 ноябри соли 2023 вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту идораҳо дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон корҳои муайянро ба сомон расонданд.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ татбиқи «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» бомаром идома ёфта, дар натиҷаи тадбирҳои амалишуда барои рушди муназзами футбол дар кишвар шароити мусоид фароҳам аст.

Аз дастовардҳои футболи тоҷик дар соли 2024, аз ҷумла ширкати фаъолонаи тими миллии кишвар дар марҳилаи ­ниҳоии Ҷоми Осиё ва дар миёни ҳашт дастаи беҳтарини қитъаи Осиё ҷой гирифтани он, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба таври арзанда ҳунарнамоӣ кардани дастаи мунтахаби футзали кишвар, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Бо пешниҳоди Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидани 25 май Рӯзи ҷаҳонии футбол ҳамчун рӯйдоди таърихӣ барои миллати тоҷик ва кулли ҳаводорони футбол маънидод гардид.

photo_5260666263187882957_yДар ҷараёни мулоқот гузориши раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон оид ба натиҷаҳои амалисозии дастуру супоришҳои мулоқот бо масъулони соҳаи футболи мамлакат аз 3 нояб­ри соли 2023 ва вазъи рушди футбол дар минтақаҳо шунида шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федерат­сияи футболи Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба тадбирҳои минбаъда ҷиҳати фароҳам овардани шароити созгор барои рушди футбол, аз ҷумла рушди инфрасохтори соҳа, ба масъулони соҳа як қатор дастуру супоришҳо ­доданд.

Аз ҷумла, мақомоти иҷроияи ҳоки­мияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ уҳдадор гардиданд, ки ҷиҳати мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондани фаъолияти варзишгоҳҳое, ки дар онҳо дастаҳои лигаҳои касбӣ бозиҳои худро мегузаронанд, чораҳои мушаххас амалӣ намоянд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазифадор гардид, ки толорҳои варзишии ҳудуди вилоятро барои гузаронидани мусобиқаҳои дохилӣ омода карда, ҷиҳати таъсиси мактаби футзал тадбирҳои дахлдор андешад.

www.majmilli.tj