Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Николай Журавлёв

№130 (4713) 01.11.2023

Мулокот2Якуми ноябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Николай Журавлёвро, ки барои иштирок дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои афзалиятнок ва ҳамзамон, робитаҳои байнипарламентии ҳар ду мамлакат баррасӣ шуданд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ рушди муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Россияро нек арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии ҳолати ҳамкории давлатҳо оид ба фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ табодули андеша карданд. Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.

www.majmilli.tj