Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Пак Бён Сок

№42 (4304) 03.04.2021

DSC_7444Якуми апрели соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси миллӣ (Парламент)-и Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сок мулоқот намуд, ки зимни он ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки тақвияти робитаҳои байнипарламентӣ василаи самараноки рушди ҳамкории ҷавобгӯ ба манфиати миллии ҷонибҳо буда, дар марҳилаи кунунӣ фаъолгардонии гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ба мақсад мувофиқ мебошад.

Ҳамчунин, ба масъалаи таҳкими фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва баргузории ҷаласаи навбатии он дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Бо дарназардошти захираҳои табиӣ ва имкониятҳои васеи кишвар дар бахшҳои аграрӣ, саноати кӯҳӣ ва гидроэнергетика, инчунин, фазои мусоиди сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақими ширкатҳои кореягӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амният ва таҳкими вазъи устувори минтақа, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи Афғонис­тон, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак дар мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар хатару таҳдидҳои фаромиллӣ баррасӣ гардид.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО