Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс

№144 (4406) 30.11.2021

CTX_205925 ноябри соли равон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонсро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафири навтаъинро ба муносибати ба ин вазифа таъин гардидан табрик гуфта, дар ин ҷода ба ӯ комёбиҳо орзу намуданд.

Зикр шуд, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ сӣ сол қабл барқарор шуда, равобити  мунтазами сиёсии сатҳи олӣ ва баланд ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи  байни ҳар ду давлат заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамкории байнипарламентиро аз омилҳои муассири тавсеаи муносибатҳои байни ҳар ду давлат арзёбӣ намуданд.

Дар ин самт тақвияти робитаҳои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо палатаи болоии парламенти Британияи Кабир дар амалисозии иқдомҳои мутақобилан судманд ва рушди муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба афзалиятнок шуморида шуд.

Ҷонибҳо вазъи ҳамкории байнидавлатиро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва  илму маориф низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни баррасии масоили вобаста ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, бахусус бо дарназардошти вазъи сиёсӣ дар Афғонистон, зарурати тавсеаи ҳамкорӣ ҷиҳати таҳкими сарҳад ва тақвияти мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир таъкид карда шуд.

www.majmilli.tj