12-уми апрели соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд.
Аз хадамоти матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар самти рушди варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса риштаи бокс, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ба сатҳ ва сифати робитаҳои тарафайн баҳои баланд дода, барои ҳамкории зич ва мутақобилан судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори умед намуданд.
«Садои мардум»