Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Вячеслав Володин

№87-88 (4349-4350) 01.07.2021

IMG_20210701_142356_350Якуми июли соли равон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин бо ҳайатҳои хоса мулоқот анҷом доданд.

Дар он мавқеъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар пасманзари шарикии стратегии ҳар ду давлат ва дар ин раванд нақши муҳиму муассири робитаҳои байнипарламентӣ, ки ба таври назаррас густариш меёбанд, зикр гардид.

Ҷонибҳо дар атрофи вазъи ҳамкорӣ ва робитаҳои миёни ҳар ду кишвар мубодилаи афкор намуда, бо қаноатмандӣ иброз карданд, ки тавассути мулоқоту вохӯриҳо ва баррасии мунтазами масъалаҳои афзалиятнок кишварҳо ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ноил шуданд. Дар марҳилаи ҳозира мавриди таваҷҷуҳ қарор додани татбиқи саривақтӣ ва пурраи созишномаҳои қаблӣ аҳамиятнок арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки робитаҳои байнипарламентӣ яке аз шохаҳои муҳими маҷмӯи муносибатҳои Тоҷикистону Россияро ташкил медиҳад ва он дар сиғаҳои гуногун, аз ҷумла Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ амалӣ мегардад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ҳамтои худро ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармояи россиягӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, мавҷудияти захира ва иқтидори васеъ барои афзоиш додани ҳаҷми савдои мутақобила, сармоягузорӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ, ҳамчунин, фаъолгардонии кори мақомоти салоҳиятноки ҳар ду ҷониб дар ин бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ҷалб намуданд.

Вобаста ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар зарурат ва дурнамои афзалиятдори ҳамкорӣ дар самти роҳандозӣ намудани истеҳсолоти муштараки маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз технологияҳои россиягӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, инчунин, содироти минбаъдаи он ба бозорҳои Россия, таъкид гардид.

Тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву башардӯстона ва ҳалли масъалаҳое, ки дар натиҷаи пандемияи коронавируси нав ба миён омаданд, низ яке аз мавзӯъҳои асосии мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Россия ҷиҳати расонидани кумакҳои башардӯстонаи тиббӣ, аз ҷумла барои ташхиси бемории COVID-19, изҳори миннатдорӣ карда, идомаи ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи тадбирҳои муштаракро дар самти муқовимат ба беморӣ мувофиқи мақсад шумориданд.

Дар доираи мулоқоти дуҷониба ба масъалаву мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти дахлдор дода шуд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар ин самт тадбирҳои мақсаднок, аз ҷумла барқарорсозии парвозҳои мунтазам ва рафтуомади бемонеаи шаҳрвандон, таҳия ва амалӣ гарданд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои башардӯстона ва маориф, ҷараёни таҳсили теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Россия, фаъолияти бомуваффақонаи филиали донишгоҳ ва донишкадаҳои россиягӣ дар Тоҷикистон, омӯзиш ва тарғиби забону фарҳанги русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, оғози амалисозии лоиҳаи бунёди панҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағгузории Ҳукумати Федератсияи Россия дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаро бо қаноатмандӣ зикр карда, барои ҳар чӣ зудтар амалӣ гардидани иқдомоти зикршуда ҳавасмандӣ изҳор намуданд.

Дар баробари ин, ҳамкорӣ ва муқовимат ба муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон ҳамчун самти калидии муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Садои мардум»