Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Алимирзамин Аскаров

№108 (4528) 31.08.2022

IMG_038730 августи соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба муносиботи Тоҷикистону Озарбойҷон, алахусус ҳамкориҳо миёни парлумонҳои ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар ёдовар шуда, ҷиҳати густариши робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, зарурати фароҳам овардани фазои мусоид барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ ҳавасмандӣ иброз доштанд.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон