Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Бегмурат Муҳаммедов

№114 (4697) 18.09.2023

image-15-09-23-09-1314 — уми сентябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо раиси Кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва байнипарлумонии Маҷлиси Туркманистон Бегмурат Муҳаммедов, ки барои иштирок дар чорабиниҳои канории бахшида ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуд.

Дар мулоқот таъкид шуд, ки пояи сиёсии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ҳамчун ду кишвари соҳибистиқлол 27 — уми январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шудааст.

Рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон сафарҳои расмии мутақобилаи сарони давлатҳо ба шумор меравад.

Дар доираи вохӯриҳои мунтазами сарони ҳар ду кишвар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардида, инчунин, самтҳои афзалиятнок ва дурнамои тақвияти минбаъдаи онҳо муайян гардидаанд.

Байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Туркманистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд ва ҳадаф аз таъсиси ин гурӯҳҳо низ фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии кишварҳо мебошад.

Дар маҷмӯъ, вазъи кунунии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон тамоюли мунтазами рушдкунанда дорад. Дар онҳо ҷараёни амалисозии кӯшишҳои дуҷонибаи кишварҳо баҳри ҳамкории бисёрҷанба дар асоси иқтидорҳо ва талаботҳои ҳар ду кишвар ба мушоҳида мерасад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон