Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Маргарета Седерфелд

№135 (4397) 02.11.2021

DSC_362128 октябри соли 2021 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (АП САҲА) Маргарета Седерфелд мулоқот намуд.

Зимни он қайд шуд, ки АП САҲА шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳамкорӣ бо шарикони аврупоӣ дар ҳама соҳа, хусусан иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг, дар сатҳи баланд қарор дорад.

Саидмурод Фаттоҳзода гуфт, ки рушди ҳамаҷониба бо сохторҳои байналмилалӣ яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба шумор меравад. Аммо бидуни вазъияти муътадил дар минтақа ҳадафҳоро амалӣ кардан имконнопазир аст.

DSC_3626- Дар мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонии асри XXI шарикии мус­таҳкамтари Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ зарур аст, — иброз дошт Саидмурод Фаттоҳзода.

Ҷонибҳо роҷеъ ба ояндаи равобити дуҷониба низ табодули назар намуданд.