Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Вук Жугич

№55 (4475) 06.05.2022

IMG_5290Кодекси иттилоот асосҳои ҳуқуқии ­фаъолияти иттилоотӣ ва таъмини амнияти иттилоотиро муқаррар карда, ба татбиқи ҳуқуқи дастрасӣ, инчунин, ҳифзи иттилоот равона шудааст. Ин нуктаро 4 майи соли равон раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зимни мулоқот бо роҳбари Дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вук Жугич баён намуда, афзуд, ки дар раванди таҳияи лоиҳаи он намояндагони воситаҳои ахбори омма, коршиносон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштанд.

Саидмурод Фаттоҳзода аз дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, бахусус САҲА, ки зимни таҳияи Кодекси иттилоот тайи якчанд сол ҳамкорӣ доштанд, изҳори сипос намуд. Ҳамчунин, Вук Жугичро ба муносибати  таъин гардиданаш ба  вазифаи пурмасъулият табрику таҳният гуфта, изҳори умед кард, ки дар давраи фаъолияташ дар Тоҷикистон барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Зикр шуд, ки то ҳол баррасии лоиҳаи кодекси мазкур бо ҷалби доираи васеи воситаҳои ахбори омма дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор гардид ва дар асоси фикру пешниҳодҳои баёншуда мазмуну мундариҷаи он такмил дода шуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин таъкид намуд, ки то ҳол вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул шудааст, ки моҳияти умумии онҳо аз тавсеа ва рушди соҳа, таъмини дастрасии бештари шаҳрвандон ба иттилоот иборат мебошад. Илова бар ин, меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонашон дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд. Қарорҳои зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ки масъалаву ҳолатҳои мушаххаси фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мамлакат­ро танзим мекунанд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон