Якуми майи соли 2018 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода бо роҳбари намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ричард Дюудни мулоқот намуд.
Дар он вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Шариф Раҳимзода зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши ҳар чӣ бештари муносибат бо намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Қайд гардид, ки Вазорати рушди байналмилалии Британия, ки барномаҳои паст кардани сатҳи камбизоатиро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ идора мекунад, дар Тоҷикистон аз соли 2003 фаъолият дорад. Дар чорчӯбаи барномаҳо Британия 27,5 миллион доллари ИМА (14 миллион фунт-стерлинги британӣ) — ро барои лоиҳаҳое, ки дар Осиёи Марказӣ солҳои 2011-2015 амалӣ гардидаанд, ҷудо намудааст.
- Айни замон ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Британия дар самти иқтисод ва савдо дар марҳилаи рӯ ба тараққӣ қарор дорад. Тибқи маълумоти Кумитаи омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот миёни ҳар ду кишвар дар 9 моҳи соли 2017 (январ-сентябр) – 3428,7 ҳазор доллари ИМА (воридот – 2856,9 ҳазор, содирот – 571,8 ҳазор) — ро ташкил дод, — гуфт Шариф Раҳимзода.
Зимни суҳбат, ҳамчунин аз нахустин сафари ҳайати тиҷоратии Британияи Кабир ба Тоҷикистон (моҳи апрели соли 2013) ёдоварӣ шуд ва қайд гардид, ки ҳадаф аз он шиносоӣ бо фазои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Дар маҷмӯъ, ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибот миёни Тоҷикистону намояндагии Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир дар умури Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон