19 сентябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Индонезия Фахри Ҳамза мулоқот намуд.
Зимни он масоили марбут ба вазъи кунунӣ, дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Индонезия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
- Мо комёбиҳои назарраси мардуми Индонезияро дар шоҳроҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар баланд арзёбӣ менамоем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд, ки нақши созандаи Ҷумҳурии Индонезия дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ низ шоистаи таҳсин аст.
Зикр гардид, ки мувофиқаҳои дар рафти сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия соли 2016 ҳосилгашта қадами устувор дар самти таҳкиму тавсеаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди кишварҳо маҳсуб меёбанд. Маҳз зимни ин сафар бастаи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд, ки таҳкимбахши заминаи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои тарафҳо мебошанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон аз имзои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Индонезия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ёдовар шуда, қайд кард, ки дар чаҳорчӯби барномаи Дармасисва (барномаи омӯзишии бурсиявӣ барои хориҷиён) шаҳрвандони тоҷик ҳоло дар Ҷумҳурии Индонезия таҳсил мекунанд. Аз ҷумла, солҳои 2015 — 2019 ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 бурсия дар доираи ин барнома пешниҳод гардидааст.
Фаъол будани гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии парлумонҳои ҳар ду кишвар омили асосӣ ва муҳим барои густариши равобити дуҷониба дар ин самт арзёбӣ шуд.
- Бо истифода аз фаъолияти ин гурӯҳҳо метавонем аз тамоми имконияти мавҷуда ба нафъи парлумонҳо истифода намоем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Индонезия минбаъд низ дар самтҳои гуногун ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа густариш меёбанд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон