Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ

№12(3649) 04.02.2017

DSC_0110Сеюми феврали соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқулода ва мухтори Давлати Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ мулоқот намуд, ки дар он бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

 Шукурҷон Зуҳуров дипломат Залмай Юнусиро ба муносибати ба ин мақом таъин шуданаш табрик намуда, изҳор дошт, ки имрӯз дар партави талошҳои муштараки сарони ду кишвар ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ бемайлон густариш ёфта, самтҳои навро фаро мегиранд.

- Тоҷикистон пайваста мекӯшад, ки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ба монанди ҳамоишҳои сармоягузорон, анҷуманҳои тоҷирон, намоишҳои бузурги муштараки иқтисодӣ ва тиҷоратӣ эҷод ва фаъол шаванд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон. Дар робита ба тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва робитаҳои мустақими корӣ байни вилоятҳои  наздисарҳадии ду кишвар нақши бориз доранд. Дар ин самт комиссияҳои корӣ дар сатҳи роҳбарони вилоятҳои ҳаммарз фаъоланд ва ҳар сол ба навбат ҷаласаҳои онҳо дар кишварҳои ҳамдигар баргузор мешаванд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро барои таҳкими равобити гуногунсоҳаи кишварҳо муҳим арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки ба ин хотир байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ амал мекунанд.

Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ дар тақвияти суханони Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҷониби Афғонистон низ ҳамеша хостори густариши муносиботи гуногунҷанбаи кишвараш бо Тоҷикистон аст ва дар ин самт аз имкониятҳо истифода хоҳад бурд.

Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон