20 ноябри соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов мулоқот намуд.
- Мо ташрифи Шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мешуморем ва боварӣ дорем, ки ин сафар дар равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон саҳифаи нав боз мекунад ва дар тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои мо саҳми арзанда мегузорад.
Ба назари мо, самарабахшии ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони парлумонҳо вобастагӣ дорад.
Умед дорем, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар арсаҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, аз таърих ва фарҳанги муштарак, муттаҳидии арзишҳои мазҳабии мардуми ду кишвар, анъанаҳои ҳамсоягии нек ва эҳтироми мутақобила, шарикии стратегии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, нақши роҳбарони давлатҳо — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар густариши муносибатҳо, ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки музокироти сатҳи олӣ нишон доданд, ки ҷонибҳо омодаанд муносибатҳои дуҷонибаро беш аз пеш таҳким бахшанд ва бо боварӣ барои ба даст овардани дастовардҳои нав талош намоянд.
Заминаи қарордодию ҳуқуқие, ки тавассути ҳар ду ҷониб фароҳам оварда шудааст, шароити мусоидро барои муайян кардани зарфиятҳои равобити байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои мухталиф фароҳам меорад.
Дар ин ҳуҷҷатҳо талошҳои чандинасра, ирода ва қотеияти мардумони мо таҷассум ёфтаанд.
Имрӯз аллакай мушоҳида мешавад, ки санадҳои қабулшуда амал мекунанд. Ҷумҳуриҳо режими раводидро то 30 рӯз аз байн бурданд, парвозҳоро ба эътидол оварданд ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро тақвият бахшиданд.
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ҳаҷми тақрибан 100 миллион доллар қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Созишномаҳои мазкур дар ҳамоиши тиҷоратӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, имзо шуданд. Тайи солҳои охир ҷонибҳо беш аз 180 созишнома ва қарордодро дар ҳаҷми беш аз 730 миллион доллар ба имзо расонидаанд.
Сипас, Раиси парлумони касбии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ дар онҳо, шумора ва тартиби интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон, мавқеи занон дар парлумон маълумот дода, бо итминон иброз дошт, ки дар доираи рушди ҳамкориҳои бисёрсоҳаи мутақобилаи судманд равобит байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ мазмуну муҳтавои нав касб мекунад.
- Дар ҳақиқат, моро лозим аст, ки ҳамкориҳои байнипарлумониро тақвият бахшем, то ки барои амалӣ гардидани санадҳои аз ҷониби президентҳои ду кишвар баимзорасида заминаи мусоид фароҳам ояд, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.
Раиси палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов низ ҳавасмандии устувори худро ба густариши бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкории гуногунпаҳлу таъкид намуд.
Дар мулоқот муовини якум, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, Хайриниссо Юсуфӣ, Акрамшо Фелалиев ва аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон