26 июли соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирати Давлати Фаластин Риёз Моликӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба ҳузур пазируфт.
Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар ҳоли рушд қарор доранд. Тоҷикистон ба густариши ин ҳамкориҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
- Боиси қаноатмандист, ки миёни кишварҳои мо дар сатҳи олии сиёсӣ, инчунин дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, табодули назар оид ба масъалаҳои калидии замони муосир, махсусан вобаста ба масъалаҳои марбут ба ҳалли қазияи Фаластин, сурат мегиранд.
Мо саъю талошҳои мардуми Фаластин ва роҳбарияти онро, ки ба таъмини ҷойгоҳи муносиби Давлати Фаластин дар миёни ҷомеаи кишварҳои ҷаҳон ҳамчун узви комилҳуқуқ равона гардидаанд, дастгирӣ менамоем. Вале барои расидан ба ин ҳадаф бояд тамоми ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои фаластинӣ ва умуман, ҷаҳони ислом, муттаҳид шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори сулҳи одилона ва доимӣ дар Ховари Наздик аст ва таъсиси ду давлати мустақил – Фаластин ва Исроилро рукни асосии он мебинад, — изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Шукурҷон Зуҳуров омодагии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо парламенти Давлати Фаластин баён дошт.
Доктор Риёз Моликӣ аз дастгириҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Фаластин дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари байналмилалӣ изҳори сипос намуд.
Ӯ зикр кард, ки мо тамоми кӯшишҳои худро барои ҳалли осоиштаи қазияи Исроилу Фаластин ба харҷ медиҳем ва ҷонибдори таъсисёбии ду давлати мустақил дар минтақа ҳастем.
Ӯ махсус таъкид намуд, ки мо воқеан ҳам бояд аз таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон сабақ гирем.
Ҷонибҳо аз омода гаштани лоиҳаи 11 санади ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Давлати Фаластин изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мулоқот дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
Шуъбаи матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон