28 январи соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин мулоқот намуд.
Шукурҷон Зуҳуров зимни суҳбат таъкид кард, ки барои мардуми Тоҷикистон Хитой ҳамчун кишвар ва ҳамсояи боэътимод ба шумор меравад ва барои мо мояи ифтихор аст, ки парламентҳои мамлакатҳоямон ҳамкорӣ ва муносиботи хуб доранд. Бо мақсади рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламенти Ҷумҳурии Халқии Хитой таъсис дода шудааст.
- Ҷумҳурии Халқии Хитой ягона кишвари абарқудрат буд, ки аз аввалинҳо шуда, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва барои барқарории алоқаҳои дипломатии дуҷониба бо ҷумҳурии мо изҳори омодагӣ кард, - гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва идома дод: — Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзишмандеро ишғол менамояд. Сафарҳои расмӣ ва дӯстонаи сарони ду кишвар ба ҷумҳуриҳои ҳамдигар, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардум ва миллатҳои ҳар ду кишвар тақдирсоз буда, асоси баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягии ҳасана, эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътимод ва мавқеъҳои муштаракро дар бар мегиранд, шаҳодати ин гуфтаҳост.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва барномаҳои муштарак сухан ронда, изҳор дошт, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумак ва сармояи Ҷумҳурии Халқии Хитой зиёда аз 100 тарҳи муштарак дар бахшҳои гуногун, бахусус энергетика ва коммуникатсия, амалӣ шуда истодааст. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 корхонаи муштараки Хитой ва Тоҷикистон ба нафъи мардум фаъолият доранд.
Самти афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ин соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии нав ва кашидани хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқи обӣ, таъмир ва бозсозии неругоҳҳои барқи обии мавҷудаи Тоҷикистон мебошад. Сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавидошта, ки минтақаҳои Тоҷикистонро дар тамоми фасли сол бо ҳам пайваст хоҳанд кард, бомаром идома доранд.
Шукурҷон Зуҳуров роҷеъ ба ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни Душанбе ва Пекин изҳори назар намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ ҷиҳати ба ҳам наздикшавии ду миллати дӯст кумаки бузург карда метавонад.
- Муносибати кишварҳои мо ҳамчунин дар дигар бахшҳо, аз ҷумла дар заминаҳои амниятӣ, ҳифзи ҳуқуқ, илму маориф ва ғайра дар ҳоли рушду инкишоф қарор доранд, — илова намуд Шукурҷон Зуҳуров ва ёдовар шуд, ки тибқи квотаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳоло зиёда аз ду ҳазор нафар донишҷӯи кишвари мо дар донишгоҳҳои олии мамлакати шумо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд».
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Юе Бин низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой хоҳишманди бештари барқарории равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суратгир А. Исоев