15 декабри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс мулоқот намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои фарогири вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷонибаро матраҳ намуданд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил шудааст.
- Мулоқоти имрӯза, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — идомаи мантиқии таҳкими ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва омили вусъатбахши дигаргунсозиҳои иқтисодии кишвар мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин иброз намуд, ки аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон 1,39 миллиард доллари амрикоӣ грант ва қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби хазинаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР) ва фондҳои боварӣ ҷудо намудааст. ҳамчунин, дар давоми солҳои ҳамкорӣ бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ, дар маҷмӯъ, 233 лоиҳа дар бахшҳои гуногуни иқтисоди кишвар амалӣ гаштааст.
- Солҳои охир Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон дар доираи маҷмӯи лоиҳаҳо ва сармоягузории нав дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, обёрӣ, нақлиёт ва идоракунии давлатии молиявӣ кумак расонда истодааст.
Ба хотири рушди бахши хусусӣ Бонки ҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (КБМ) барои кам кардани ҳаҷми хароҷоти ба тиҷорат алоқаманд, тақвияти бахши молиявӣ ва бештар кардани дастрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ кӯшишҳои назаррас анҷом дода истодаанд.
Баракати қарзҳои ба соҳибкорони инфиродӣ ҷудошуда аст, ки соҳибкории хурду миёна ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, беш аз 120 ҳазор хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ва оилавӣ иҷозати ҳуқуқи истифодаи заминро ба даст оварданд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.
- Ҳамчунин, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — сармоягузории бонк дар бахши маориф барои то 40 дарсад кам кардани ҳолати нарасидани китобҳои дарсӣ дар кишвар, таъмири 2850 синфхона мусоидат намуд. Дар соҳаи тандурустӣ системаи маблағгузории сарикасӣ ҷорӣ карда шуд.
Дар поёни суҳбат ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ дар оянда беш аз пеш тақвият меёбанд.
Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагон