Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№10 (4593) 06.01.2023

DSC_9238Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат, санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ва самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои мулоқот бо интихобкунандагон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар карданд.

Чунончи, сеюми январи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Бохтар №26 Маҷидзода Сарвиноз ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ Зафар Ализода бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Маҳмадалӣ Ватанзода зимни баромад ба таври мухтасар аз хусуси мазмун ва муҳтавои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф зада, онро дастури раҳнамунсоз ҷиҳати пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат маънидод кард.

Гуфта шуд, ки муҳтавои Паёми Сарвари давлат­ро таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, татбиқи босамари санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, барномаву консепсияҳои давлатӣ ва стратегияҳои миллӣ ташкил медиҳанд, ки иҷрои онҳо аз ҳар фарди ватандӯсту худшинос масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд.

Ҳамчунин, вакилон Маҷидзода Сарвиноз ва Зафар Ализода доир ба нуктаҳои асосии ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва барномаи мукаммали созандагию бунёдкорӣ дар мамлакат ибрози андеша карданд.

Чоруми январи соли равон мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар толори Беморхонаи марказии №1-и шаҳри Хуҷанд бо интихобкунандагон, фаъолони шаҳр ва табибону донишҷӯён баргузор гардид. Дилрабо Мансурӣ нуктаҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро шарҳу тавзеҳ дода, дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамонро дар ин давра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

- Сарвари давлат аз меҳнати садоқатмандона ва аҳлонаи сокинони кишвар дар соли хеле вазнин, ки бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфтааст, ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт, — зикр кард Дилрабо Мансурӣ.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастовардҳои соҳаи тандурустӣ низ ҳарф зада, аз ҷумла, гуфт, ки бо дастгирии Пешвои миллат дар чор соли охир ба кишвар дар ҳаҷми беш аз як миллиард сомонӣ 200 номгӯи таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид карда шуд, ки ба беҳдошти вазъи солимии ҷомеа ва коҳиши ба хориҷи кишвар рафтани маризону ниёзмандон мусоидат намуд.

Ҳамчунин, ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми ­навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров, №14 Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ бо интихобкунандагон дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, №19 Раҷабзода Равшан Муҳитдин бо интихобкунандагон ва фаъолони шаҳр дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом баргузор гардид.

Сеюми январи соли 2023 дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон мулоқоти муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим бо сокинону ­фаъолони ноҳия доир гардид.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи интихобкунандагонро ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, инчунин, мақсаднок паси сар кардани мавсими зимистонгузаронӣ, захираи маҳсулоти ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замини бекорхобидаю наздиҳавлигӣ, пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ дар ҷомеа ва дигар мавзӯъҳои мубрам ҷалб кард.

Сипас, Қодири Қосим ба пурсишҳои интихобкунандагон вобаста ба татбиқи нишондодҳои асосии Паём посух гардонда, ба сокинон барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат барори кор таманно кард. Баъдан муовини раиси ВМКБ Нилуфар Асламшоева ва раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода баромад карда, аз ҷумла, гуфтанд, ки бо ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон корҳои созандагӣ роҳандозӣ гашта, аҳли ноҳия дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатиро аз ҳарвақта бештар гиромӣ медоранд ва минбаъд низ барои ободии кишвари азиз талош хоҳанд кард.

Чоруми январи соли равон дар ноҳияи Ванҷ вохӯрии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим бо интихобкунандагон доир гардид, ки зимни он нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар ҳар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ доир ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат маълумот дода шуда, нишондоди беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон пешниҳод мегардад. Инчунин, барои беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии сокинони мамлакат зина ба зина музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ баланд бардошта мешавад.

Қодири Қосим зимни баромад, ҳамчунин, иброз дошт, ки сокинон бояд минбаъд ба истифодаи самараноки замин, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аҳамияти хоса зоҳир карда, ба созандагиву ободкории диёр бештар машғул гарданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои интихобкунандагон посух дода, пешниҳоду дархостҳояшонро шунид.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид­ҷаъфар Усмонзода ва Парвина Маликзод дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сеюми январи соли равон баргузор шуд.

Дар он муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба интихобкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ банақшагирии самти иқтисоди миллиро мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор дода, чунин таъкид карданд: «Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйир­ёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд».

Дар мулоқот роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва дигар фаъолони ноҳия иштирок доштанд.

Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, Сурайё Дӯстмуродзода ва Даринг Раҳмон Ҷаҳон Афрӯз Қурбонзода бо кормандони соҳаи тибби шаҳри Ҳисор дар маркази саломатӣ ва Беморхонаи марказии ноҳия доир гардид.

Вакилон иброз доштанд, ки дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳилаи «ҷанги сард» ба халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо, ба вуқӯъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ боис гардидааст.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо, хусусан нархи маҳсулоти ғизоӣ, ба таври бесобиқа боло рафтанд.

Сурайё Дӯстмуродзода нуктаи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ёдовар шуда, аз ҷумла, гуфт: «Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тад­риҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид».

Вакилон, ҳамчунин, доир ба баланд гаштани музди миёнаи меҳнат дар кишвар ва коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 низ маълумот доданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул, вакили Маҷлиси намояндагон Ашӯрзода Гулбаҳор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Умедхоҷаи Зоир чоруми январи соли равон бо роҳбарият ва хизматчиёни давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқот карданд. 

Вакилон оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ баромад карда, нуктаҳои муҳими онро шарҳ доданд. Зикр гардид, ки Паём ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз ва барномаи мукаммали созандагию бунёдкорӣ буда, татбиқи дастурҳои он барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат замина мегузорад.

- Пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва тарбияи ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон аз масъалаҳои муҳими Паёми имсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар ба ҳисоб меравад, — зикр кард вакили Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода зимни мулоқот бо интихобкунандагон, ки 4-уми январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, доир ба беҳтар хизмат расонидани соҳаи танду­рустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ободии роҳҳо, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хушунат ва зӯроварӣ дар оила, инчунин зери назорат гирифтани муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишварбуда, ҷалби занону бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот андешаҳо иброз гардиданд.

Чоруми январи соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Неругоҳи барқи обии «Норак» вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Данғара №36 Зулфиқор Гулаҳмадзода бо кормандони неругоҳ баргузор гардид.

Зимни шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат аз сокинон фаъолнокию саҳмгузорӣ дар ободию пешравии ҷомеа, сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, истифодаи дурусти заминҳои наздиҳавлигӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ даъват карда шуд.

Сипас, муроҷиату пешниҳоди сокинон шунида шуда, дар ҳалли баъзе аз масъалаҳои барои ҷомеа муҳим тавсияҳои судманд манзур гардид.

Чоруми январи соли 2023 вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода ва Гавҳар Шарофзода низ дар ноҳияи Панҷ бо интихобкунандагон доир гардид. Зимни он нуктаҳои асосии Паёми Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳ дода шуд.

Зикр гардид, ки паёмҳои Пешвои миллат фарогири масъалаҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатии соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошанд.

Чоруми январи соли равон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯшониён №27 Шодиён Муҳаммад Султонзода бо фаъолон ва сокинони деҳоти «Меҳнатобод» ва шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Вакили мардумӣ зимни баромадаш гуфт, ки ҳадафи Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии шоистаи мардум буда, вазъи ҳассоси ҷаҳон моро водор месозад, ки барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ тадбирҳои иловагӣ андешем.

- Солҳои охир, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна, пайи ҳам омадани хушксолӣ ва маҳдудсозии содироти озуқаворӣ аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, маҳз бо заҳмати шабонарӯзии кишоварзони мамлакат амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шуд, — гуфт Шодиён Муҳаммад Султонзода.

Зикр шуд, ки соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 1 миллиону 600 ҳазор тонна, картошка ба 1 миллион ва меваю сабзавот ба 3 миллиону 200 ҳазор тонна расонида шудааст. Шодиён Муҳаммад ҷиҳати расидан ба ин дастовардҳои бузурги соҳаи кишоварзӣ дар соли сипаригардида миннатдории Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба заҳматкашони ноҳия расонид. Инчунин таъкид гардид, ки барои боз ҳам ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидан бояд дар соли равон низ софдилона меҳнат карда, барои рушди босуботи кишвар саҳми арзанда гузорем.

Дар фарҷом чанде аз интихобкунандагон ба Шодиён Муҳаммад Султонзода суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Машҳур ИМОМНАЗАР,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,

Мухтори Абдулло,

«Садои мардум»