Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№15 (4755) 31.01.2024

Сиюми январи соли 2024 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода бо интихобкунандагон роҷеъ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуданд.

Вакилон зимни вохӯрӣ иброз намуданд, ки мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Дар давраи сипаришуда ташаббусҳои қонунгузории вакилон ба татбиқи ҳар чӣ зудтари ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, ҳамчунин, ба таҳкими минбаъдаи иқтидори давлат ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардида буд.

Дар анҷоми мулоқот вакилон ба саволҳои интихобкунандагон посух гуфтанд.

Дар доираи чорабинии шарҳу тавзеҳи  муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо сокинони деҳоти «Сомон»-и шаҳри Ҳисор вохӯрӣ доир намуд.

Ҳангоми вохӯрӣ аз ҷумла, зикр гардид, ки дар Паём оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудааст.

Дар навбати худ, сокинони деҳот бо дастгирию ҳамовозии  ҳамаҷониба  аз Паёми Президенти ҷумҳурӣ ваъда доданд, ки дар самти вусъат бахшидани корҳои ободонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон саҳми муносиб мегузоранд.

Дар ноҳияи Айнӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғиёсиддин Шарифзода бо интихобкунандагони деҳоти «Айнӣ» вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни мулоқот вакили Маҷлиси намояндагон зикр намуд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор дода, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас доданд.

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷии онро дар бар мегирад.  Он як ҳуҷҷати стратегӣ мебошад, ки афзалиятҳои рушди кишварро муайян ва тавсияҳои муҳимро барои иҷрои ин вазифаҳо пешниҳод мекунад. Паём ба таҳкими эътимоди халқ ба Пешвои миллат, беҳтар кардани иртибот байни мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ ва мусоидат ба нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад,- афзуд Ғиёсиддин Шарифзода.

Зимни вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба дархосту пешниҳодоти худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар ноҳияи Шаҳринав мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода бо кормандони касбу кори гуногуни ноҳия баргузор шуд.

Зимни суханронӣ  Файзулло Баротзода изҳор намуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, махсусан соҳаи энергетика, дастурҳои судманд дода шуданд.

Таъкид гардид, ки рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, индекси рушди инсонӣ ҷиҳати ­тарбияи кадрҳои баландихтисос барои пешрафти кишвар дар самти истифодаи технологияҳои нав, рушд ва тақвият додани соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарогирии шаҳрвандон ба илму маориф, зиёд намудани мактабҳо ва ҷойҳои корӣ аз масъалаҳои меҳварии Паём маҳсуб меёбанд.

Иброз гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар замоне пешниҳод гардид, ки кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушд ворид шуда, мардуми шарафманди Ватани маҳбубамон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Комрони АСЛОН,

Сайидо НАЗАРОВ,

«Садои мардум»