Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№21 (3501) 16.02.2016

Чанде пеш бо мақсади шинос намудани аҳолӣ бо нуктаҳои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода ва Мусалам Қодирова дар ноҳияи бохтари вилояти Хатлон вохӯрӣҳо баргузор намуданд.

Яке аз ин вохӯриҳо дар толори кохи фарҳанги деҳоти «Заргар» доир гардид, ки дар он Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода оид ба се ҳадафи стратегии мамлакат сухан ронда, мақсад ва моҳияти онҳоро ба таври муфассал шарҳ дод ва дар робита ба ин иброз намуд:

- Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр намуданд: «…ба хотири расидан ба ҳадафҳои афзалиятнок ва муайян намудани дурнамои минбаъдаи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардид, ки ҳоло мавриди баррасии вазорату идораҳо қарор гирифтааст. Дар санади мазкур се ҳадафи миллии эълонкардаамон ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ мемонанд ва мо азми қавӣ дорем, ки дар ояндаи наздиктарин иҷрои онҳоро таъмин намоем».

Вакили Маҷлиси намояндагон Мусалам Қодирова дар навбати худ қайд намуд, ки Пешвои миллат дар Паём вазъи таъминот бо кадрҳои тиббиро, хусусан дар вилояти Хатлон нигаронкунанда номид. Дар ин вилоят, ки аҳолиаш беш аз се миллион нафарро ташкил медиҳад, ба ҳар 10 ҳазор нафар 11,3 табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишвар нишондиҳандаи хеле паст мебошад. Аз ин рӯ, дар вилояти Хатлон таъсис ёфтани муассисаи таҳсилоти олии касбии тиббӣ боз як ғамхории навбатии Пешвои миллат нисбат ба ин минтақаи сернуфус аст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Шодиён Муҳаммад Султонзода низ дар назди иштирокдорон суханронӣ намуда, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ҳуҷҷати сарнавиштсоз ном бурд ва иброз дошт, ки дар сурати пурра татбиқ гардидани нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳим кишвари мо ва мардуми сарбаланди он ба пешравию дастовардҳои назаррас муваффақ мегарданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралиён Қиёмиддин ва Мусалам Қодирова ин гуна вохӯриҳоро дар ноҳияи Шаҳритуз, шаҳри Сарбанд ва дигар минтақаҳои вилоят низ баргузор намуданд.

Д. Султон, «Садои мардум»