15 марти соли 2019 дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён, баргузор гардид.
Вакилони Маҷлиси намояндагон оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаҳои гуногун, бахусус, дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони корхонаву иншооти нав, аз ҷумла, ба кор андохтани чархаи аввали НБО-и «Роғун» ҳарф заданд.
Масъалаҳои тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, таъмини суботу оромӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ аз мавзӯъҳои марказии мулоқот буданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин ба саволҳои ҳозирин роҷеъ ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон ва мушкилоти ҷойдошта дар ин самт посух доданд. Дар рафти саволу ҷавоб як қатор масъалаҳо, аз қабили авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба рӯйхати ихроҷшудагон ворид гардидаанд ва айни ҳол дар Россия зиндагӣ мекунанд, гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз тарафи донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои доғи рӯз ба миён гузошта шуданд.
Сипас, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспораи тоҷик Б. Бердов, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Санкт — Петербург — «Аҷам» Мурод Усмонов, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён бо дастгирӣ аз саёсати созандаи Пешвои миллат қайд карданд, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ғамхорӣ нисбат ба ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ сипосгузоранд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон