15 — 25 марти соли равон вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон дар шаҳру навоҳии мамлакат доир мегардад.
Зимни он вакилон дар бораи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунгузор қабул кардааст, инчунин, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи Тоҷикистон, рушду ободии диёр, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, фароҳам овардани шароит барои рӯзгори босаодати халқ, ҳалли мушкилоти глобалии замони муосир, таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон маълумот медиҳанд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон