Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо Луай Исса

№28 (4290) 02.03.2021

DSC_461926 феврали соли равон аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории давлати Фаластин Раҳмонзода Зоир, Маҳмадмуродзода Ғиёсиддин ва Ғайрат Азизов бо сафири фавқулода ва мухтори давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исса мулоқот намуданд.

Раиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории давлати Фаластин Раҳмонзода Зоир иброз намуд, ки Тоҷикистон чун субъекти мустақил ва баробарҳуқуқи низоми навини робитаҳои байналмилалӣ бо 178 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла бо давлати Фаластин, робитаҳои дипломатиро ба роҳ монда, муносибатҳояшро ба таври дуҷониба ва дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ фаъолона пеш мебарад.

- Бо мақсади густариши робитаҳои дуҷониба миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории давлати Фаластин Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории давлати Фаластин амал мекунад. Аз ин рӯ, мо баҳри таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва рушди робитаҳои байнипарлумонӣ изҳори омодагӣ менамоем, — иброз намуд З. Раҳмонзода ва афзуд: — Вохӯрӣ имкон медиҳад, ки дар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди миёни кишварҳо фаъолона ширкат варзида, ба рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистону Фаластин саҳми арзанда гузорем.

Ба сафири фавқулода ва мухтори давлати Фаластин ҷаноби Луай Исса дар иҷрои вазифаи ­пурмасъулият барору муваффақият хоста, ба рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ изҳори умед карда шуд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ