Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо Такаюки Мияшита

№54-55 (4316-4317) 24.04.2021

DSC_915822 апрели соли равон ­аъзои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония бо сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита мулоқот намуданд.

Раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Парламенти Япония Ҳакимзода Шариф иброз дошт, ки дар ташаккул ва равнақ ёфтани муносибатҳои дипломатӣ таваҷҷуҳу эътимод ва сафарҳои расмӣ, давлатию кории роҳбарони кишварҳо нақши бузургу аввалиндараҷа доранд.

Ӯ, ҳамчунин, гуфт, ки заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии ҳар ду кишварро 58 созишномаи байниҳукуматӣ ташкил дода, гардиши мол соли 2019 ба беш аз 68 млн. доллари ИМА ва январ-майи 2020-ум ба 19,1 млн. доллари ИМА рост меояд. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Япония дар соҳаи маориф аз соли 1993 ба роҳ монда шуда, то ҳол зиёда аз 2250 намояндаи тахассусҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар давраи омӯзишӣ дар Япония иштирок карданд. Махсусан, «Барномаи бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди иқтидори захираҳои инсонӣ» (JDS) дар омодасозии мутахассисони ҷавон дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ, ҳуқуқ, иқтисод ва менеҷмент аз соли 2009 намунаи беҳтарини ҳамкорӣ байни кишварҳост.

DSC_9161Зимни мулоқот аз фаъолияти якумин корхонаи дорусозии муштараки Тоҷикистону Япония, ки бо иштироки Ширкати саҳомии японии «Кокӣ» дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, ёдоварӣ карда шуд.

Ҳакимзода  Шариф зикр кард, ки самаранокии муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз бисёр ҷиҳат ба парламентҳо ва муносибатҳои байнипарламентӣ вобастагӣ дорад.

- Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Парламенти Япония соли 2008 таъсис ёфта, доираи муносиботро батадриҷ тав­сеа мебахшад. Зеро тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ омили муҳими равнақ ёфтани муносибатҳои ҳасанаи дипломатӣ байни давлатҳо ба шумор меравад. Ҳамчунин, метавонад бо табодули таҷриба ва андешаҳои созанда дар самти қонунофарӣ уфуқҳои наву муосири рушди муносибатҳои дуҷонибаро ба миён орад. Умед дорем, ки алоқаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистону Япония минбаъд низ дар таҳкиму суботи иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар ва густариш ёфтани алоқаҳои байниминтақавӣ нақши муҳим мебозанд, — гуфт дар хотима Ҳакимзода Шариф.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон