2 декабри соли равон роҳбари Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои қонунгузории давлати Фаластин Зоир Раҳмонзода бо сафири давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд.
Зимни он вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Фаластин мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии байни парлумонҳои кишварҳо муҳим шуморида шуд.
Зикр гардид, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории давлати Фаластин Гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.
- Ва ҳамеша хостори муносиботи неки байнипарлумонӣ бо давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад, — гуфт Зоир Раҳмонзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон