Мулоқоти Зоир Раҳмонзода бо сафири Фаластин

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

DSC_406923-юми ноябри соли 2023 роҳбари Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин, вакили Маҷлиси намояндагон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо мулоқот намуд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Давлати Фаластин, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Зоир Раҳмонзода дипломати фаластиниро ба парлумони касбии мамлакат хайра мақдам гуфта, роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дод. Мавсуф, аз ҷумла, изҳор дошт, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфта, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди муносибатҳои дуҷониба моҳи ­октябри соли 2020 бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин гурӯҳи дӯстӣ таъсис дод.

- Мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити ҳасана бо Давлати Фаластин ҳастем ва талош менамоем, ки ин равобит бештар тақвият ёбад, — афзуд Зоир Раҳмонзода.

Дар мулоқот аъзои Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Шӯрои қонунгузории Давлати Фаластин Ғайрат Азиззода, Ғиёсиддин Ашурзода низ иштирок намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Н. АЛИЕВ