Ёздаҳуми ноябри соли 2019 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони (Лок Сабҳаи) Ҷумҳурии Ҳиндустон Мирзодавлат Сабурзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх мулоқот намуданд.
Қайд гардид, ки то ба ҳол чор даври машварати сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Душанбе ва Деҳлӣ баргузор шуд.
Рӯйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Душанбе — Деҳлӣ сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон буд. Натиҷаҳои он таҳрикбахши рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон гардиданд. Ҳоло пояи қарордодӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70 созишномаю ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад.
Аз фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникии байни ду кишвар ҳамчун яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ қайд гардид, ки то ба ҳол даҳ ҷаласаи он баргузор шудааст. Аз ҷумла, 28 — 29 январи соли 2019 ҷаласаи даҳуми комиссия дар Душанбе доир гардид.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкории минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Ҳиндустонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон