10-уми июни соли 2024 мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба бо Малайзия ҷойгоҳи хоса дорад.
Дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Малайзия, омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар самти истеҳсоли «неруи сабз», ба роҳ мондани хатсайри мустақим байни ҳар ду кишвар, ҷалби сармоя, инчунин, таъсиси паркҳои технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ