Муроҷиатномаи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони мамлакат

№ 07.09.2022

18Ҳамдиёрони гиромӣ!

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолааш ҳамеша фарҳангсолору маърифатпарвар, дурандешу ботаҳаммул ва дар роҳи ҳифзи шарафу номус матину устувор буда, дар гардишҳои пуртазоди зиндагӣ маҳз бо ҳамин хислатҳои неку ҳамида худро ҳифз кардааст ва рӯҳи истиқлолу озодихоҳиро ҳамчун ормони ҷовидонаи миллӣ зинда нигоҳ доштааст.

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, ки сиву як сол пеш ба вуқӯъ пайваст, барои миллати шарафманди мо рӯйдоди бузурги таърихӣ дар ҷодаи амалӣ гардидани ормонҳои беш аз ҳазорсолааш мебошад. Вале, дар айёме ки давлати тоза­истиқлоли мо аввалин қадамҳои худро мегузошт, Тоҷикистон бо фитнаву дасисаи неруҳои тундгаро, гурӯҳҳои ифротгаро ва хоҷаҳои хориҷии онҳо ба майдони мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ниҳоят ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

Душманони миллати тоҷик бо истифода аз вазъияти ба вуҷудомада нақшаҳои сиёҳи ба чанд порча тақсим кардан ва аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кардани давлати ҷавони тоҷиконро тарҳрезӣ карда, барои амалӣ намудани он талош меварзиданд.

Мардуми Тоҷикистон хуб дар ёд доранд, ки саркардагони неруҳои ифротгаро дар он айём иқтидори зеҳниву сиёсии идора кардани давлати соҳибистиқлолро надоштанд. Ҷомеа ба неру ва шахсияте ниёз дошт, ки заковату зарфияти сиёсӣ, сиришти пок ва ғурури баланди миллӣ дошта бошад, то давлатро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз хатари парокандагӣ раҳо бахшида тавонад.

Ба бахти мардуми тоҷик Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори қабули дигар қарорҳои созандааш ин гуна сиёсатмадорро дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо ва ба миллати азияткашидаи тоҷик эҳдо намуд. Маҳз бо сиёсати некбинонаву пайгиронаи ӯ Тоҷикистони тозаистиқлол дар як муддати кӯтоҳ на танҳо ба сарзамини мардуми сарҷамъу муттаҳид ва орому босубот табдил ёфт, балки дар қатори давлатҳои озод ва дар ҳоли тараққиёт мақоми арзандаи худро пайдо кард.

Ҳамаи ин натиҷаи талошҳои ватандӯстонаву миллатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар атрофи сиёсати созандаву инсонпарваронаи ин шахсияти беназири таърихӣ муттаҳид гардидани мардуми кишвар мебошад. Мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои ин абармарди роҳи сиёсат ҳомии боэътимоди миллат ва кафили ҳаёти осоиштаро дида, тақдири минбаъдаи худ ва Ватанро ба ӯ бовар карданд.

Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ қарор дошта, мардуми он зиндагии бо саодат умр ба сар мебаранд.

Дар баробари ин, бо дарназардошти вазъи печидаву буҳронии ҷаҳон, таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат додани амалҳои созанда ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Зеро дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мардум ва Ватани мо рӯзҳо ва давраҳои бисёр вазнинро аз сар гузарониданд.

Хушбахтона, мардуми шарафманду заҳматкаши Тоҷикистон бо такя ба ақлу ирода, сабру таҳаммул ва ҳисси баланди милливу эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар атрофи кафил ва муттакои боэътимод — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, бо дастгирӣ аз сиёсати дохиливу хориҷии давлати худ аз ҳамаи монеаву мушкилот бо сарбаландӣ гузаштанд.

Гузашти айём собит сохт, ки халқ дар интихоби Сарвари давлат, ҷонибдории сиёсати давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ хато накардааст.

Ҳамватанони азиз!

Дар шароити пуртазоду нобасомони ҷаҳони муосир ва бо дарназардошти эҳтимоли вуқӯи ҳолатҳои пешгӯинашаванда ба шумо бо камоли эҳтиром муроҷиат менамоем, ки бо мақсади ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти марзу буми Ватани аҷдодӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва бо дарки масъулият дар назди таърихи гузашта, зиндагии имрӯза ва тақдири наслҳои оянда дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳар вақти дигар муттаҳид шуда, тамоми саъю талоши худро ба хотири бунёди давлати, воқеан, ҳуқуқбунёду демократӣ ва ҷомеаи пешрафта сафарбар созед.

Шумо — мардуми бонангу номуси Тоҷикистон хуб дарк мекунед, ки зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил ва иттиҳоду сарҷамъии ҳамаи мо имкон дорад.

Ба пеш, ба сӯи музаффариятҳои нав бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!