26 декабри соли 2017 дар Маҷлиси намояндагон «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2017», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, № 382 тасдиқ гардидааст, муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд. Онро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова ҳусни оғоз бахшида, изҳор намуд, ки барои баррасӣ намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, корҳои дохилӣ, молия, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муовинони раисони шаҳру навоҳии Ваҳдат, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Шаҳринав ва дигар идораву муассисаҳои давлатӣ даъват шудаанд.
Доир ба масъалаи зикршуда узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Мусаллам Қодирова гузориш дод. Ӯ гуфт, ки соҳаи маориф дар ҷумҳурӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини наҷоти миллат ва таҳкими давлат арзёбӣ шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғиби одоби муошират, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ба воя расонидан, пешгирии ҷинояткорӣ ва ғайра соли 2012 «Барномаи давлатии тарбияи насли наврас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2017» қабул гардид.
Тибқи дастури Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 13 декабри соли равон аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон барои огоҳ шудан аз рафти татбиқи барномаи мазкур бо фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои тобеи он, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Турсунзода ва ноҳияҳои Ёвон, Файзобод ва Шаҳринав сафари корӣ намуданд.
Маълум гардид, ки бо мақсади ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар ноҳияҳо фаъолияти марказҳои инкишофи кӯдакон ба роҳ монда шудааст.
- Дар марказҳо кӯдакон 3 – 4 соат ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта мешаванд. Айни ҳол дар 1694 марказ 43843 кӯдак ба таълиму тарбияи кӯтоҳмуддат фаро гирифта шудааст. Гарчанде ки шумораи марказҳои инкишофи кӯдакон аз соли 2012 рӯ ба афзоиш дошта бошад ҳам, талаботи ҷомеаро қонеъ карда наметавонанд. Барои мисол, дар шаҳри Ваҳдат 58 маркази инкишофи кӯдакон бо фарогирии 1091 кӯдак фаъолият доранд. Чунин марказҳо дар шаҳри Турсунзода дар назди 82 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 2409 кӯдак, ноҳияи Шаҳринав дар назди 30 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 1028 кӯдак фаъол аст, ки дар онҳо на ҳамаи кӯдакони 4-6-сола ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Чунки дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар назди ду мактаб 1 – тогӣ маркази инкишофи кӯдакон рост меояд, ки ин бениҳоят кам мебошад. Барои кушодани марказҳо аз Буҷети давлатӣ маблағ талаб карда намешавад. Танҳо бо падару модарон робитаро зичтар намудан зарур аст, — гуфт М. қодирова.
Номбурда аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки дар се соли охир дар ноҳияи Файзобод 3 боғчаи нав бо фарогирии 400 кӯдак, дар ноҳияи Шаҳринав 2 боғчаи нав бо фарогирии 180 кӯдак сохта, ба истифода дода шудааст.
Мутаассифона, дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва қонуншиканӣ аз тарафи онҳо ташвишовар боқӣ мондааст. Дар нуҳ моҳи соли 2017 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ 14441 маротиба амалиёти муштарак бо номҳои шартии «Наврас», «Оворагард» ва «Талбанда» гузаронида шуда, аз тарафи ноболиғон 517 (соли 2016- 590), аз тарафи ҷавонон 4410 (соли 2016-4865) ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Ҷинояти ба ноболиғон рабтдоштаро 20 духтар ва 512 писар содир намуданд. Аз ин шумора 18 ноболиғ дар ҳайати гурӯҳ бо калонсолон ба ҷиноят даст задаанд. Дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 6363 протоколи маъмурӣ нисбат ба падару модарон ва масъулини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки уҳдадории худро иҷро накардаанд, тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои қонунӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол шудааст. Аз ин шумора 1745 падару модар ба маблағи 159510 сомонӣ ҷарима, 374 нафар огоҳонида шуданд ва 4244 мавод дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.
Барои мисол, дар шаҳри Ваҳдат дар ин давра 89 нафар волидоне, ки фарзандонашон даст ба корҳои ношоиста задаанд, ба маблағи 6 440 сомонӣ ҷарима шуданд.
Дар ноҳияи Файзобод аз соли 2013 4 ноболиғи душвортарбия дар муассисаи ислоҳотии махсус ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2 нафар духтар мебошанд. Айни ҳол як ноболиғ аз ин ноҳия зери назорати доимии зершуъбаи ноболиғони ШВКД-и ноҳия қарор дорад. Ҳоло дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ 30 ноболиғ тарбия гирифта истодааст. Қайд кардан зарур аст, ки муассисаи тарбиявӣ барои 120 нафар пешбинӣ шудааст. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳар рӯз ба таҳвилгоҳи муваққатии ноболиғони ВКД ноболиғони зиёде, ки даст ба бетартибию қонуншиканӣ мезананд ва ҳатто ҷиноят содир мекунанд, оварда мешаванд. Вале онҳоро дар муассисаи ислоҳотии тарбиявӣ ҷойгир намекунанд. Мушкилӣ дар он аст, ки ноболиғони душвортарбияро бояд дар асоси қарори суд ба ин муассиса фиристанд. Пешниҳод мешавад, ки ҷойгир намудани ноболиғони душвортарбия ба мисли солҳои пешин бо қарори коммисияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳо дар асоси оинномаи муассиса сурат гирад, — афзуд М. Қодирова.
Масъалаи дигаре, ки боиси пайдоиши мушкилоти иҷтимоӣ дар ҷомеа мегардад, дар муҳити нопурраи оилавӣ мондани фарзандон аст. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки пас аз ҷудошавӣ қисми зиёди кӯдакон бо модар ва танҳо 1,7 фоиз бо падар мемонанд.
Тибқи маълумотномаи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷумҳурӣ дар даҳ моҳи соли 2017-ум 321 (2016-396) ҳолати худкушӣ ва 102 (2016-126) ҳолати суиқасд ба ҷон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 39 нафар писар ва 32 нафар духтарони ноболиғ мебошанд.
Шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ 1883762 нафар буда, 877952 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар соли таҳсили 2015-2016-ум 77611 духтар синфи 9-ро хатм карда, аз ин 23 989 нафар ба зинаи сеюми таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Эътироф бояд кард, ки аз таҳсилоти ҳатмӣ дур мондани духтарон ташвишовар аст. Мутаассифона, ҷиноятсодиркунии зану кӯдакон ва ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро шомилшавии онҳо низ яке аз масъалаҳои доғи рӯз боқӣ мондааст.
Аз шаҳри Ваҳдат беш аз 146 нафар ба ин гуна гурӯҳҳо шомил гардида, аз ин шумора 6 нафар зан мебошанд. 16 нафар айни ҳол бо аҳли оила дар сафи ҳаракатҳои террористию экстремистӣ меразманд, ки дар байни онҳо 2 кӯдак низ ҳаст. Аз ноҳияи Файзобод 46 нафар дар солҳои 2014 — 2015 ба гурӯҳҳои террористӣ — экстремистӣ шомил гаштанд, ки аз ин шумора 18 нафар кӯдак мебошанд. Аз ноҳияи Шаҳринав 39 нафар ба ин гуна гурӯҳҳо шомиланд, ки 2 кас, ки дар натиҷаи корҳои таблиғотию тарбиявӣ ва вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон, аз 3233 нафаре, ки ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил доштанд, айни замон 228 нафар боқӣ монданд. Масалан, аз 203 нафар сокинони шаҳри Ваҳдат, ки дар хориҷа бидуни иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин таълим мегирифтанд, 192 нафар ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ноҳияи Файзобод аз 74 нафар 68 нафар ба Ватан баргардонида шуд. Аз ноҳияи Шаҳринав аз 21 нафар 20 нафарашон ба Ватан бозгаштанд, — иброз дошт вакили Маҷлиси намояндагон.
- Дар ҷумҳурӣ 83 маркази таҳсилоти иловагӣ бо 1600 маҳфил амал карда, 48 464 наврасро ба таълиму тарбияи иловагӣ фаро гирифтаанд. Аз шаҳру ноҳияҳое, ки дидан кардем, марказҳои таҳсилоти иловагии ноҳияи Файзобод ва шаҳри Ваҳдатро беҳтарин ҳисобидан мумкин аст.
Аммо боиси нигаронист, ки дар баъзе муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ кабинетҳои технологӣ бо мошинаҳои дарздӯзӣ, дастгоҳ ва таҷҳизоти пухтупаз, дастгоҳҳои зардӯзӣ, атласу адрасбофӣ, қолинбофӣ ва дастгоҳҳои харротию дуредгарӣ таҷҳизонида нашудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 — ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Аз ин лиҳоз, ба ҳунаромӯзии насли наврас бештар диққат додан зарур аст.
Созмонҳое, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ нақши муҳим доранд ахтарон, ворисони сомониён ва сомониён мебошанд. Таҳлилҳо нишон дод, ки созмонҳои талабагӣ таҷдиди фаъолиятро талаб менамояд, зеро дар муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои асосиро пурра иҷро карда натавониста истодаанд. Нақшаҳои корӣ номукаммал буда, ҳисоботи даврӣ мавҷуд нест, механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби таълимгирандагон нокифоя мебошанд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар панҷ соли охир аз ноҳияҳои Ёвон — 7755 нафар, Файзобод — 2720, шаҳри Турсунзода — 5049, шаҳри Ваҳдат — 2788, ноҳияи Шаҳринав — 2973 нафар бо донишгоҳу донишкадаҳо, колле, ҷу литсейҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар дохил шудаанд.
Мушкили дигар он аст, ки дар муассисаҳои таълимӣ аз сабаби дар сметаи хароҷот ҷудо нашудани маблағ барои воҳиди кории педагог-равоншинос ин банди барнома иҷро нашудааст.
Яке аз масъалаҳои муҳим, маблағгузории барнома мебошад, ки нокифоя арзёбӣ гардид. Барои иҷрои барномаи мазкур барои солҳои 2013 -2017 дар маҷмӯъ 98. 271. 000 сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин 10. 370.000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 57. 450. 000 сомонӣ аз буҷети маҳаллӣ, 17. 281. 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои махсус ва 13. 170. 000 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои байналмилалӣ (грант) пешбинӣ гардидааст.
Гузоришҳои аз ҷониби сохторҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо пешниҳодшуда хусусияти соҳавӣ дошта, наметавонад сабабҳои воқеии маблағгузорӣ нагардидани барномаро дар маҳал фаро гирад. Дар маҷмӯъ, заминаи маблағгузории барнома ба талабот ҷавобгӯ набуда, бинобар мушаххас муқаррар нагардидани манбаъҳои маблағгузорӣ оид ба татбиқи ҷанбаи молиявии барномаи мазкур ҳисоботи молиявӣ бурда нашудааст.
- Хулоса, қисми зиёди чорабиниҳои барнома, новобаста аз набудани маблағгузорӣ амалӣ гардидаанд, аммо заминаҳои ҳуҷҷатгузорӣ, баҳодиҳӣ, таҳлилию такмилдиҳӣ ҷавобгӯи талабот нест. Нақшаҳо қолабӣ таҳия ва амалӣ гардида, вазифаҳо якранг буда, бе иҷро мондани онҳо баррасӣ нагардидааст. Чорабиниҳои барнома сарчашмаи маблағгузорӣ надошта, аз ҳисоби манбаъҳои дигар амалӣ гардонида шудаанд, — гуфт дар охир вакили Маҷлиси намояндагон Мусаллам Қодирова.
Дар баррасии масъала, инчунин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Кӯчакшозода Акрамхон, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина, сардори Раёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидалӣ Сафаров, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Аҳмадзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Қ. Миралиён, Н. Содиқова, М. Шарофиддинова, Г. Бобоева, Г. Назирӣ, А. Ғаффоров, О. Сафаров ва Ҷ. Ахмедов андешаронӣ карда, пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.
Дар охир қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.
Тиллои НЕКҚАДАМ,
«Садои мардум»