Аммо чаро баъзеҳо ба пастию баландиҳои зиндагӣ тоб наоварда, ба худкушӣ даст мезананд?
Дар як моҳи охири соли ҷорӣ се ҳолати худкушӣ дар расонаҳои хабарӣ инъикос ёфт. Аз ҷумла, 5 октябр марди 71 – сола, сокини ноҳияи Бохтар дар хонаи истиқоматӣ ҳангоми муноқишаи оилавӣ аввал ҳамсару духтарашро ба корд маҷруҳ, сипас, худкушӣ кардааст. Ба ҳамин монанд, шаби 2 ба 3 октябр Фарҳод Кенҷабоев, сокини шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод дар пайи хурӯҷи бемории рӯҳӣ ҳамсараш Кенҷабоева Гулнозаро бо теша зада кушта, худаш низ худкушӣ кардааст. Инчунин, 5 октябр ду нафар дилдода, аз ноҳияи Бохтар, барои монеъ шудан ба издивоҷашон худро куштанӣ шудаанд, хушбахтона, онҳоро табибони бемористони ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа наҷот бахшиданд.
Воқеан, худкушӣ имрӯз ҳамчун як амали номатлуб боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Мутаассифона, ин амал дар байни намояндагони ҳама синну сол, хусусан, занону ҷавонон, ба мушоҳида мерасад.
Дар ҷое хонда будам: «Ҷавоне, ки падараш худкушӣ карда буд, мегуфт: «кош туро мошин мезад ё нафаре туро мекушт ва ё аз беморие мефавтидӣ, ки мо миёни мардум «во падарам» гуфта, гиря карда метавонистем. Акнун, ҳарчанд ғами мо дучанд аст, хомӯш менишинем, то нафаре нагӯяд, ки сабаби маргаш шумо-фарзандон будед».
Аксар шахсоне, ки майл ба худкушӣ доранд, ҳатман таҳти таъсири мушкилоти рӯҳиву равонӣ қарор гирифтаанд, ки аксуламали сареашон истиқбол аз марг аст. Чунин аксуламал маънои дӯст доштани маргро надорад. Ин афрод танҳо хоҳони дарк ва муҳаббати атрофиён ҳастанд. Чӣ боис мегардад, ки инсон аз дунё ва арзишҳояш рӯй тофта, даст ба худкушӣ мезанад? Сабабҳо зиёданд, аммо аксари олимон бар он ақидаанд, ки худкушӣ зуҳуроти равонист. Вале, бояд гуфт, ки таблиғоти пай дар пайи амалҳои ношоям дар ВАО ва филмҳо низ ба шахсони сустирода таъсири манфӣ мерасонанд. Баъзе филмҳо мунтазам куштору таркиш ва дигар ҳолатҳои ногуворро таблиғ менамоянд. Расонаҳои хабарӣ низ тарзе аз ҳодисаҳои худкушӣ гузориш медиҳанд, ки ба хонанда таъсири манфӣ мерасонад. Масалан, соли гузашта баъд аз расонаӣ шудани ҳодисаи худкушии ошиқон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, пас аз чанд моҳ дар ноҳияи Айнӣ низ ду дилдода қасд ба ҷони худ карданд. Яъне, бояд дар ВАО чунин хабарҳои ногуворро тавре пешниҳод кард, ки ба рӯҳияи мардум таъсири манфӣ нагузорад, зеро андак саҳлангорӣ дар ин мавзӯъ метавонад сустиродаҳоро ба амалҳои номатлуб равона созад.
Равоншинос Маҳмадулло Давлатов оид ба ин масъала чунин ибрози андеша намуд: «Агар ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, махфӣ кунем, пас зарурати воситаҳои ахбори омма зери суол мемонад. Муҳим он аст, ки ҳодиса дар чӣ шакл пешкаши омма мегардад. Ҳодисаҳои нохушро мунтазам намоиш додан ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Аз тарафи дигар, бояд мардумро ба ҳар гуна ҳодиса омода созем, омӯзонем, ки аз тамошо чиро бояд гираду чиро не. Аз ин лиҳоз, ҳамчун равоншинос ҷонибдори он ҳастам, ки рӯзноманигорон амалҳои худкуширо бо ҳангома пешкаш накунанд, ба сифати хабар факту рақамҳоро ишора кунанд. Ҳама чиз ҳад дорад. Бояд аз он нагузарем».
Ҳамчунин, дар ҳолати тоб оварда натавонистан ба низоъҳои оилавӣ инсонҳо ба ҷони худ сӯиқасд мекунанд. Мутаассифона, ҷавонон ва бархе аз насли калонсол, тарзи баромадан аз мушкилоти рӯзмарраро намедонанд. Яъне, онҳо ба донишҳои муайяни равоншиносӣ мусаллаҳ нестанд, ки чӣ гуна бояд аз низоъ баромад, чӣ тавр низоъро пешгирӣ кард ё дар ҳолати пайдо шудани он кадом тарзи рафторро истифода бурд, ки боиси оқибатҳои нохуш нагардад. Дар ин робита ҳамсуҳбатамон афзуд:
- Одамон баъзан бо баҳсу низоъ мушкилиро ҳал карда наметавонанд, даст ба гиребон мешаванд ва нисбат ба якдигар зӯроварии ҷисмониро раво мебинанд. Нафарони гуногунмиҷоз ба низоъҳо якранг амали ҷавобӣ нишон намедиҳанд. Як қисм ба ҷиноят меравад, қисми дигар ҷони худро қурбон мекунад. Аз ин сабаб, як омили худкушӣ аз тарзҳои муносибат бо мушкилӣ ва низоъҳои оилавӣ огоҳ набудан аст. Аксар аъзои оила, ҳарчанд дар як хонавода зиндагӣ кунанд ҳам, якдигарро аз рӯи ҳисси равонӣ, хулқу рафтор ва миҷоз дарк карда наметавонанд. Баъзан дар зиндагӣ бо инсонҳое вохӯрдан мумкин аст, ки табиатан зудранҷу оташинмиҷозанд. Асабоният онҳоро зуд фаро мегирад ва дар як муддати кӯтоҳ ба ҳама кор қодиранд, то фурӯ рафтани ғазабашон. Баръакси ин, ҳастанд нафароне, ки онҳоро «дамдузд» ном мебаранд. Зеро ҳама гуна мушкилро дар худ ҳазм менамоянд ва оҳиста-оҳиста он «системаи ҳазм» қуввати қабули дардро намекунад ва якбора ҳолати рӯҳии инсонро вайрон сохта, дар хонаи асаб таркише ба вуҷуд меорад. Дар ин ҳолат низ инсон ба ҳама гуна амали ношоям қодир аст. Чунин одамон муносибати нодурусти атрофиёнро дар вуҷуди хеш пинҳон медоранд ва вонамуд месозанд, ки гӯё ҳеҷ кори ғайриодие рух надодааст. Дар илми равоншиносӣ чунин шахсонро миҷози меланхоликӣ мегӯянд. Ин гуна инсонҳо аслан дӯсту ҳамрозе надоранд, ки дарди дил кунанд. Онҳо ҳарчанд дар ҷомеаи сернуфус зиндагӣ кунанд ҳам, ҳамеша эҳсоси танҳоӣ мекунанд. Бинобар ин, ба роҳ мондани муносибату муоширати байни ҳам ва донистани ҳолати рӯҳии аъзои хонавода имкон медиҳад, ки ҳолатҳои ногуворро пешгирӣ намоем. Вагарна ҳамеша дар вазъияти носолими тезутунди моҷаро қарор мегирем, ки натиҷааш моро ба ҳолатҳои номатлуби рӯҳӣ гирифтор намуда, маҷбур месозад даст ба амалҳои ношоиста занем.
Нуктаи дигар он аст, ки то ҳол дар ҷумҳурӣ аз ҷониби равоншиносону ҷомеашиносон тадқиқоти густурда перомуни худкушӣ ва омори аниқи он дар минтақаҳо гузаронда нашудааст. Воқеан, барои таҳлили ин масъала омӯзиш ва тадқиқотҳои муҳими психологӣ зарур аст. Зимни чунин омӯзишҳо метавон ба таври мушаххас омилҳои худкуширо фарохтар муайян кард. Бояд тадқиқоти васеъ оид ба ин мавзӯъ дар сатҳи ҷумҳурӣ гузаронда шавад. Ин мавзӯъ, хосатан, равоншиносону ҷомеашиносонро набояд ором гузорад.
Хуллас, эҳсоси ноумедӣ, бекорӣ, боло рафтани синни издивоҷ, бефарзандӣ, эҳсоси гуноҳ, афсурдагӣ, издивоҷҳои маҷбурӣ ё мухолифат бар издивоҷи фарди дилхоҳ, нашъамандӣ, номусоид будани шароити зиндагӣ дар баъзе оилаҳо, фишор ва шиканҷаҳои рӯҳиву равонӣ дар хонавода, ҷойи кор ва ғайра, бемориҳои гепатит, саратон, ноҳинҷориҳои оилавӣ бар асари талоқ, сахтгирии беш аз ҳадди волидон нисбат ба фарзанд, фақру фаҳшо ва дигар омилҳо метавонанд замина барои суиқасд ба ҷон гарданд.
Имрӯз доир ба худкушӣ адабиёти хориҷӣ зиёд аст. Вале тавсияҳои дар он китобҳо пешниҳодшуда хоси ҳамон кишварҳост. Бинобар ин, вобаста ба менталитети мардум таҳлилу тадқиқот бояд дар дохили кишвар гузаронида шавад. Дар он минтақаҳое, ки бештар худкушиву низоъҳои оилавӣ рух медиҳанд, хадамоти иҷтимоиву психологӣ ва шаръӣ бояд фаъолияти густурда роҳандозӣ кунанд ва баҳри пешгирии онҳо тадбир андешанд.
Ҷамшеди САБОҲИДДИН,
«Садои мардум»