Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осон шуд

№41 (4461) 31.03.2022

DSC_4138Сиюми марти соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 51 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фарҳод Камолзода, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа шаш масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ

2. Дар хусуси Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ

3. Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018

4. Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ» сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Камолзода дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод КАМОЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ» аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба дас­тури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи зикршуда 10-уми сентябри соли 2005 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1602 ҳамроҳ гардида, вале онро ба тасвиб нарасонидааст. Вобаста ба ин, муроҷиати муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба унвони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз тарафи Тоҷикистон анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ нисбат ба конвенсия, ки барои эътибор пайдо кардани он зарур аст, ворид гардид.

То ҳол ба конвенсияи зикршуда 117 давлат ҳамроҳ шуда, 82 давлат онро ба тасвиб расонидаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳадафҳои қабули конвенсия нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, рушди муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯс­тона ва ҳамкории байни давлатҳо арзёбӣ шудааст. Давлатҳои иштирокчии конвенсия муваззаф гардидаанд, ки барои таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ дар ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи атомӣ ҳама чораро меандешанд.

Конвенсия аз дебоча ва 26 модда иборат буда, дар дебоча зарурати қабули он таъкид шудааст. Омӯзиши конвенсия нишон дод, ки баҳсҳои вобаста ба тафсир ва татбиқи муқаррароти он бавуҷудмеомада дар судҳои ҳакамӣ ва баъдан дар Суди байналмилалӣ баррасӣ мегарданд. Ҳамчунин, ба давлатҳои иштирокчӣ имкон дода шудааст, ки ҳангоми баимзорасонӣ, ҳамроҳшавӣ ва тасвиби конвенсия доир ба ҳамин меъёр тавзеҳот изҳор намоянд.

Дар ин бобат, дар банди 2-юми Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар қисмати баррасии баҳсҳо дар судҳои ҳакамӣ ва Суди байналмилалӣ, ки дар оянда метавонад мухолифи манфиатҳои миллии Тоҷикистон истифода гардад, тавзеҳоти дахлдор пешбинӣ шуд ва аз тарафи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ пурра дастгирӣ ёфт.

Матни тоҷикии конвенсия, бо дарназардошти истилоҳоти истифодагардидаи сирф соҳавӣ, бо Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ мувофиқа гардид.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба меъёрҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Шоҳмурод РУСТАМ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ, ки 14 сентябри соли 2005 дар шаҳри Ню-Йорк ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Мутобиқи он, бо дарназардошти ҳуқуқи давлатҳо, ба истифодаи энергияи атомӣ, бо мақсадҳои осоишта, дар иртибот ба Конвенсия оид ба муҳофизати ҷисмонии маводи ядроӣ (соли 1980), бо зикри он ки амалҳои терроризми ядроӣ метавонад ба оқибатҳои ниҳоят ҷиддӣ оварда, ба сулҳ ва амнияти байналмилалӣ хатар эҷод кунанд, қабул шудааст.

Ҳадафи асосии конвенсия муайян намудани кирдорҳои ҷиноятии алоқаманд бо маводи ҳастаӣ, ки онро ҳамчун терроризми ядроӣ метавон баҳо дод ва бо ин мақсад амалӣ намудани ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои дар конвенсия пешбинишуда, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризми ядроӣ, андешидани чораҳо вобаста ба таъмини ҳифзи маводи радиоактивӣ, муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии давлатҳои иштирокчӣ вобаста ба тафтишот, таъқиби ҷиноятӣ ё расмиёти супоридани ҷинояткорон мебошад.

Ҳамчунин, конвенсия мустақилияти давлатҳои аъзои онро дар пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба терроризми ядроӣ, санҷиши пешакӣ ва тафтишоти ин кирдорҳоро маҳдуд наменамояд.

Конвенсия, тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 11 марти соли 2022 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаи масъул масъалаи ­зикргардидаро 16 марти соли 2022 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, сохторҳои марбутаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.

Хуллас, тасдиқи конвенсияи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.

Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба мубориза бо амалҳои терроризми ядроӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ КАБИР:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ» ҷиҳати ташкили системаи идоракунии партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди коркарди аз ҷиҳати экологӣ бехатар, безараргардонӣ, ҷойгиркунӣ, нобудсозӣ ва интиқоли бехатарии наздисарҳадии партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ таҳия гардида, 1 июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе аз тарафи сарвазирони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тасвиб расонида шуд.

Мутобиқи моддаи 6-уми созишнома, барои эътибор пайдо намудани он анҷом додани расмиёти дохилидавлатӣ зарур буда, ирсол намудани огоҳиномаи расмиро ба Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил талаб менамояд.

Тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2021, бо даъвати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи созишнома ба забони давлатӣ тарҷума шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид.

Мақсади асосӣ аз таҳия ва пешниҳоди созишномаи зикргардида, дар мадди аввал, мусоидат намудан барои ба таври максималӣ ҷалб намудани партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ ба гардиши хоҷагидорӣ ва саноатӣ ба ҳайси сарчашмаи иловагии захираи ашёи хом бо истифода аз технологияи муосир ва дастрас, инчунин пешгирӣ аз партофтани чунин партовҳо ба муҳити зист ва таъсири манфӣ ба об, ҳаво, замин ва наботот мебошад.

Вазифаҳои асосии дар назди созишнома гузошташуда дар мадди аввал таҳияи санадҳои меъёриву ҳуқуқии танзимкунанда, тарҳрезии стандартҳо ва таҳияи тартиби коркарди партовҳо ва дигар санадҳои ташкилӣ, иқтисодӣ ва методӣ шуморида мешавад.

То ба ҳол дар ҷумҳурӣ ба таври мушаххас системаи безараргардонии партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ ташкил нагардида, дар мадди аввал бояд тибқи созишномаи зикршуда тартиби коркарди чунин партовҳо, таҳия ва пешниҳод карда шавад. Барои таҳия намудани тартиби коркарди партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун масъул пешниҳод шудааст.

Доир ба сарчашмаи пайдоиши партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ зикр мегардад, ки солҳои охир, бо дарназардошти рушди технологияҳои инноватсионӣ, истифодаи маҳсулоти электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ дар давлатҳои дунё рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст. Зеро ҳоло зиндагии одамонро бе истифодаи телефонҳои мобилӣ, ноутбук, компютер, телевизор, яхдон, кондитсионер, мошинаҳои гуногуни ҷомашӯӣ, чангкашак, лампаҳои симобдор, системаҳои гуногуни электронӣ, таҷҳизоти гуногуни электротехникӣ тасаввур намудан ғайриимкон мебошад.

Бинобар ин, рӯз то рӯз партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ дар муомилоти хонаводагӣ зиёд гардида, дар оянда бо истифода намудани маводи гуногуни электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ партовҳои онҳо низ тамоюли афзоишро касб намуда, ба муҳити зист, оби дарёҳо ва наботот таъсири манфӣ аз ҳарвақта дида, бештар мушоҳида мешавад.

Таҷрибаи давлатҳои ҳамҷавори иштирокчии ИДМ ва дигар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки барои ба танзим даровардани муомилот бо партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ дар алоҳидагӣ корхонаи махсус, ҳамчун иҷрокунанда (оператор) муайян карда шуда, дар ин самт фаъолият мебарад ва ­масъалаҳои вобаста ба муайян намудани нуқтаҳои қабул, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард, нобудсозӣ ва интиқоли наздисарҳадӣ, тибқи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз тарафи иҷрокунанда роҳандозӣ мегардад.

Маблағгузории чунин «оператор» ё корхонаи махсус метавонад, дар мадди аввал бо ҷалби маблағҳои грантӣ ё дигар сарчашмаҳо бошад. Баъдан, бо пайдо гардидани маблағҳои гардони корхона аз ҳисоби фурӯши партовҳои коркардшуда зарурат ба маблағгузории корхона аз байн рафта, корхонаи махсуси зикршуда таъминкунандаи дигар корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми гуногун гардад.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, хусусан Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани нишондодҳои Созишнома доир ба ҳамкориии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи идоракунии партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ чораҳои дахлдорро амалӣ намояд.

Бо мақсади амалӣ намудани нишондоди созишномаи зикршуда ва ташкили системаи боэътимоди ҷамъоварӣ ва коркарди партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникӣ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Комрон Исмоилиён дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №48 аз 26 феврали соли 2022 барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2022 таҳти №1092 нисбати созишнома тибқи муқаррароти Дастури Маҷлиси намояндагон расмиёти дохилӣ иҷро гардид.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани созишномаро ҷонибдорӣ карданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия 15 марти соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи ҳифзи муҳити зист созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилоф надошта, ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани созишномаи зикршударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома доир ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муомилот бо партовҳои таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саиднахш Раҳмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Саиднахш РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018, ки 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд уҳдадоранд, ки дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданашон бо тартиби муқарраргардида аз қайд гузаш­та, баъд аз ба охир расидани муҳлати истиқоматашон Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро тарк намоянд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. Мутобиқи банди 1 қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 ноябри соли 1996 таҳти №408 тасдиқ шудааст, шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати то 3 рӯз дар мақомоти корҳои дохилӣ ба қайд гузошта шавад.

Бо дарназардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки нияти сафар намудан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро доранд, афзоиш ёфта истодааст ва бо сабаби кам будани муҳлати вақти бақайдгирӣ баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расидааст.

Тибқи он, ба бандҳои 3 ва 4 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 дар таҳрири зайл илова ворид карда шудааст:

«3. Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати 10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд.

4. Дар ҳолате ки агар вобаста ба вуруд, иқомат, бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ ё хурӯҷ қонунгузории миллии давлати яке аз Тарафҳо нисбатан шароити мусоид нисбат ба созишнома фароҳам оварад, дар ин ҳолат, дар қаламрави давлати ин Тараф қонунгузории миллии давлати худ қабул карда мешавад».

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки тасдиқи протоколро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Баҳриддин Зиёӣ дода мешавад. Марҳамат.

Баҳриддин ЗИЁӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018, ки 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардид.

Ҳадаф аз тасдиқи он ба манфиати ҳар ду кишвар буда, баҳри густариш бахшидани ҳамкориҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар масъалаҳои будубоши шаҳрвандони тарафҳо мусоидат менамояд.

Тибқи муқаррароти протоколи мазкур ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018, минбаъд шаҳрвандони тарафҳо, ки ба ҳудуди давлати якдигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи иқомат ба муҳлати 10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати тарафи қабулкунанда, озод мешаванд.

Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2022 таҳти №1093 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигар ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулоса супорида шуда, мавриди омӯзиш қарор гирифт ва он пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Протоколи зикргардида ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 10, 11 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дода мешавад. Марҳамат.

Содиқ ИМОМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018» 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид ва 23 июни соли 2018 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуда, он аз 25 декабри ҳамон сол эътибори ҳуқуқӣ пайдо намуд.

Баъдан, бо мақсади таъмин намудани шароити муносиби фаъолияти намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйирот ба он ба миён омада, тавассути протоколи баррасишаванда ба расмият дароварда шуд.

Протокол аз 5 модда иборат буда, масъалаҳои зеринро ба танзим медарорад:

1.Тағйир додани макони ҷойгиршавии қитъаи замин барои сох­тмони намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе. Дар асоси созишнома аз 17 августи соли 2018 ба сафорати кишвари ҳамсоя дар шаҳраки дип­ломатии №1, воқеъ дар хиёбони Абӯалӣ ибни Сино, қитъаи замин ба андозаи 1,2 гектар пешбинӣ гашта буд. Баъдан, бо дархости ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон он ба қитъаи баробарҳаҷм дар шаҳраки дипломатии №2, воқеъ дар хиёбони Нус­ратулло Махсум, иваз карда шуд ва ин зарурати ворид кардани тағйиротро ба созишнома ба миён овард. Тибқи муқаррароти санади зикргардида, ҷониби Ӯзбекистон барои сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд дар буриши кӯчаҳои Зулфияхонум ва Себзор 1,2 гектар қитъаи заминро ба муҳлати 49 сол музднок бо нархи як доллари ИМА дар як сол барои иҷора пешниҳод намудааст;

2.Озод намудан аз андозҳо, боҷ ва пардохтҳои вобаста ба сохт­мони намояндагиҳои дипломатӣ;

3.Тартиби ҳалли баҳсҳо ва эътибор пайдо намудани протокол.

Хароҷоти вобаста ба сохтмони биноҳои намояндагии дипломатӣ ва дигар шаклҳои хизмат­расонӣ (аз қабили заминсозӣ, топографию геодезӣ, ташхиси лоиҳа, инчунин, хароҷоти барои барқтаъминкунӣ, газ, об ва дигар хизматрасониҳо) аз ҷониби худи Тарафҳо мустақил пардохт карда мешаванд.

Протоколи мазкур мувофиқи моддаи 5 аз таърихи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин оид ба иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки тасдиқ намудани онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дода мешавад. Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат,

вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

 Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018, 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Протоколи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 11 марти соли 2022 таҳти №1094 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, кумитаҳои дигар ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ирсол гардид, ки он якдилона ҷонибдорӣ ёфт.

Лоиҳаи протокол бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиби истиқомат ва фаъолият барои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нигаронида шуда, дар асоси муносибатҳои хуби ҳамсоягии нек ва бо дарназардошти меъёрҳои Конвенсияи Вена дар бораи муносибатҳои дипломатӣ аз 18 апрели соли 1961 омода гардида, барои ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатии дахлдор ва эътибори қонунӣ пайдо намудани он таҳия шудааст.

Протокол ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқат менамояд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи қитъаҳои замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дода мешавад. Марҳамат.

Барно САИДВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ҷиҳати иҷрои банди 3 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 — 2021», ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 тасдиқ гардидааст, дар ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор таҳия гардидааст.

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» моҳи марти соли 2008 қабул гардида, дар тӯли чордаҳ соли амал ба он се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардид. Таҷриба нишон дод, ки бо сабаби рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ зарурати таҷдиди назар кардани меъёрҳои он ба миён омад.

Лоиҳаи қонун аз 20 боб ва 146 модда иборат аст ва назар ба қонуни амалкунанда 10 боб ва 45 модда зиёд буда, шарт ва тартиби иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро танзим намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро ва масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.

Вобаста ба татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ ва нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул ва ғайриманқули қарздор дар лоиҳаи қонун моддаҳо ба бобҳои дахлдор ҷудо гардида, тартиби гузаронидани амалҳои иҷро ба танзим дароварда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз қонуни амалкунанда вобаста ба ҳаҷм, матн, танзими муносибатҳо, услуби забонӣ ва ба низоми мутамаркази иттилоотӣ — электронӣ гузаштани раванди истеҳсолоти иҷро фарқ дорад.

Дар иртибот ба ин, ҳангоми таҳияи лоиҳаи қонун талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 декабри соли 2011 таҳти №643 тасдиқ шудааст, инчунин, банди 37 протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2018 таҳти №1 вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти марказии давлатӣ, сатҳу сифати хизматрасонии иҷтимоӣ ва инкишофи шабакаи ягонаи табодули ҳуҷҷат ва иттилоот байни мақомоти давлатӣ, амалигардонии самараноки консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба инобат гирифта шуд.

Бо ҳамин мақсад, бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафта дар соҳаи истеҳсолоти иҷро ва ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ дар лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида вобаста ба ташкили махзани ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро, моддаи 8 пешбинӣ гардид.

Ҷиҳати ба низом даровардани қарздорӣ ва пешгирӣ намудани оқибатҳои номатлуби он, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар лоиҳаи қонун масъалаҳои муваққатан маҳдуд намудани баромада рафтани қарздор аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 47) ва тартиби ворид намудани қарздорон ба феҳристи ягонаи давлатии қарздорон (моддаҳои 48-50) пурра таҷдиди назар карда шудааст.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун мас­ъа­лаҳои аз рӯи кадом ҳуҷҷатҳои иҷро наситонидани пардохти иҷроро танзим намудааст, ки дар қонуни амалкунанда масъала шарҳ наёфтааст. Аз ҷумла, оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки қарздор иҷрои талаботи онро то оғози истеҳсолоти иҷро таъмин намудааст, оид ба андешидани чораҳои таъмини даъво, оид ба мусодираи молу мулк, оид ба баргардонидан ё супоридани далелҳои шайъӣ, оид ба интиқоли маблағҳои дар суратҳисоби мақомоти тафтишоти пешакӣ ва судӣ нигоҳдошташаванда, оид ба ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки такроран ворид гардидаанд, ки аз онҳо пардохти иҷро ситонида намешавад.

Бо мақсади таъмини адолати иҷтимоӣ ва дастгирии модару кӯдак аз ҳуҷҷатҳои иҷрое, ки талаботи он ситониши маблағи алимент, ҷуброни зарари боиси фавти саробон ё ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашударо пешбинӣ менамояд, тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, пардохти иҷро ситонида намешаванд. Чунин навоварӣ барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, модару кӯдак ва дар маҷмӯъ шахсони воқеию ҳуқуқӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, лоиҳаи зикр­гардида ҳангоми гузаронидани амалҳои иҷро аз ҷониби иҷрочиён истифода бурдани системаҳои иттилоотӣ, сабтҳои видео ва аудио, суратгирӣ, ҳамчунин, дигар воситаҳои техникӣ ва воситаҳои дигаре, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон зарар намерасонанд, инчунин нисбат ба шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдор, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир намудаанд, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаи 129) тартиб доданро пешбинӣ менамояд.

Қонуни амалкунанда иҷрои санадҳои судиро ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро ва дар як вақт иҷрои баъзе аз санадҳои судиро ба зиммаи суд вогузор намуда буд. Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, минбаъд иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба зиммаи иҷрочиёни мақомоти иҷро вогузор гардид. Дар иртибот ба ин, моддаи 112 «Тартиби умумии иҷрои ҳуҷҷати иҷро, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян ё худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд» таҷдиди назар шуда, ба лоиҳаи қонун моддаҳои нав моддаи 117 «Иҷрои ҳалномаи суд оид ба гирифта додани кӯдак», моддаи 118 «Амалҳои иҷрочии мақомоти иҷро ҳангоми ғайриимкон будани гирифта додани кӯдак ба ситонанда» ва моддаи 119 «Иҷрои санадҳои судӣ вобаста ба муошират бо кӯдак» илова гардиданд.

Ҳарчанд дар лоиҳаи қонун дар баъзе ҳолатҳо меъёрҳои қонуни амалкунанда истифода шуда бошад ҳам, бо мақсади аз байн бурдани фаҳмиши духӯрагии онҳо аз ҷиҳати мазмуну имло таҳрир ва такмил ёфтанд.

 Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷаб­зода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он тартиб ва шартҳои иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдорро муайян намуда, вазъи ҳуқуқии иҷрочии мақомоти иҷро, инчунин, масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии мақомоти иҷроро муқаррар менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз муқаддима, 20 боб ва 146 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроро дар бар мегирад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти иҷро, тартиби татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи истеҳсолоти иҷро, вазифаҳои истеҳсолоти иҷро ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ, принсипҳои истеҳсолоти иҷро, мақомоте, ки иҷрои маҷбурии ҳуҷҷати иҷроро амалӣ менамоянд, забони истеҳсолоти иҷро, махзани маълумоти ягонаи иттилоотӣ ва бақайдгирии электронии истеҳсолоти иҷро ва иҷрои ҳалномаҳои суд­ҳои давлатҳои хориҷӣ ва судҳои ҳакамии хориҷӣ (арбитражҳо) ба танзим дароварда шудаанд (моддаҳои 1 — 9).

Боби дуюм ҳуҷҷатҳои иҷро ном дошта, моддаҳои 10 – 12- ро дар бар мегирад. Дар он доир ба номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷро, муҳтавои ҳуҷҷати иҷро ва супоридани ҳуҷҷати иҷро меъёрҳои мушаххас мустаҳкам шудааст.

Боби сеюм ба шартҳои умумии иҷро намудани амалҳои иҷро бахшида шуда, моддаҳои 13 – 18 — ро дар бар мегирад. Дар он муҳлатҳои зерини мақомоти истеҳсолоти иҷро ба монанди: муҳлати барои иҷро пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро, канда шудани муҳлат ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷати иҷро, барқарор намудани муҳлати гузаронидашудаи пешниҳоди ҳуҷҷати иҷро барои иҷро, маҳали гузаронидани амалҳои иҷро, вақти гузаронидани амалҳои иҷро ва муҳлати гузаронидани амалҳои иҷро пешбинӣ шудааст.

Боби чоруми қонуни зикршуда, ба шахсоне, ки дар истеҳсолоти иҷро иштирок менамоянд, бахшида шуда, дар он тарафҳо дар истеҳсолоти иҷро, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо, вориси ҳуқуқии тарафҳо, иштироки намояндагони тарафҳо, иштироки ноболиғон, иштироки намояндагони қонунии онҳо, иштироки тарҷумон, иштироки мутахассис, иштироки шахсони холис ва мусоидати мақомоти корҳои дохилӣ дар истеҳсолоти иҷро муқаррар гардидааст (моддаҳои 28 – 32).

Боби панҷум ба хабар додан ва даъват дар истеҳсолоти иҷро бахшида шудааст (моддаҳои 30 – 35).

Боби шашум ба масъалаҳои радкунӣ ва худрадкунӣ дар истеҳсолоти иҷро бахшида шудааст (моддаҳои 36 – 38).

Боби ҳафтум ба масъалаҳои оғоз, рад ва баргардонидани ҳуҷҷати иҷро бе оғози истеҳсолоти иҷро бахшида шудааст (моддаҳои 39 – 42).

Боби ҳаштум чораҳои иҷрои маҷбурӣ ном дошта, дар он асос­ҳои татбиқи чораҳои иҷрои маҷбурӣ, чораҳои иҷрои маҷбурӣ мустаҳкам шудааст (моддаҳои 43 – 51).

Боби нуҳум ба тартиби нигаронидани ситониш ба молумулки манқули қарздор (моддаҳои 52 – 75) ва боби даҳум ба тартиби нигаронидани ситониш ба молу мулки ғайриманқули қарздор нигаронида шудааст (моддаҳои 76 – 81).

Боби ёздаҳум масъалаҳои тақсимоти маблағи пулии ситонидашударо танзим менамояд (моддаҳои 82 – 88).

Боби дувоздаҳум ба тартиби нигаронидани ситониш ба ҳуқуқи талабот, дигар ҳуқуқҳои молумулкии бегонашавандаи қарздор ва талаботи дигар меъёрҳои дахлдорро мустаҳкам менамояд (моддаҳои 89 – 107).

Боби сенздаҳум ба масъалаи вобаста ба хароҷот дар истеҳсолоти иҷро бахшида шудааст (моддаҳои 108 – 111).

Боби чордаҳум ба масъалаҳои иҷрои санадҳои судӣ, ки қарздорро барои содир намудани амалҳои муайян ва худдорӣ намудан аз содир намудани амалҳои муайян уҳдадор менамояд, бахшида шудааст (моддаҳои 112 – 113).

Боби понздаҳум масъалаҳои иҷрои ҳуҷҷатҳои иҷроеро, ки ба ситонидани молу мулк алоқаманд нестанд, танзим менамояд (моддаҳои 114 – 119).

Боби шонздаҳум меъёрҳо доир ба муваққатан ғайриимкон будани гузаронидани амалҳои иҷроро танзим менамояд (моддаҳои 120 – 125).

Боби ҳабдаҳум ба масъалаҳои қатъи истеҳсолоти иҷро ва баргардонидани ҳуҷҷати иҷро алоқаманд мебошад (моддаҳои 126 – 128).

Боби ҳаждаҳум ба ташкил, тартиби фаъолият ва вазъи ҳуқуқии иҷрочиён ва кормандони мақомоти иҷро равона гардидааст (моддаҳои 129 – 140).

Боби нуздаҳум масъалаҳо вобаста бо муносибатҳои байналмилалӣ дар самти истеҳсолоти иҷроро танзим менамояд (моддаҳои 141 – 143).

Боби бистум аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, дар моддаҳои 144 – 146 ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), соли 2008 таҳти №3 моддаи 192 ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 январи соли 2022 таҳти № 992 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигар ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

 Ҳамчунин, баррасӣ ва омода намудани лоиҳаи қонун ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди муҳокимаи таклифу пешниҳоди вакилон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хусусан меъёри муқаддима, сархатҳои чорум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум ва даҳуми моддаи 1, моддаи 2, қисми 2 моддаи 4, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 6, қисмҳои 2 моддаҳои 10 ва 13, қисмҳои 1 моддаҳои 25 ва 26, сархати дуюми моддаи 44, моддаи 55 ва қисми 3 моддаи 73 такмил, сархати дуюми моддаи 19, қисми 5 моддаи 30, ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 63, сархати якуми қисми 1 моддаи 80, моддаи 129 ва қисми 2 моддаи 138 дар таҳрири нав ва қисми 2 моддаи 44 хориҷ карда шуданд. Ҳамаи ин бо дарназардошти пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқ барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи қонун ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст.

Дар рафти баррасии лоиҳаи қонун пешниҳодҳои муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон М. М. Ватанзода қабул гардиданд, ки барои такмили лоиҳаи қонун равона шудааст.

Таклифу пешниҳоди манзургардида, бо розигӣ ва мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти иҷрои назди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба талаботи моддаҳои 1, 2 ва боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Аз ин рӯ аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи қонуни зикршуда мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон он боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул гардад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро»-ро яклухт ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам, ки нисбат ба он мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дода мешавад. Марҳамат.

Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ҷиҳати анҷоми расмиёти дохилидавлатии Созишнома оид ба ҳамкории иттилоотии давлатҳои иштирокчии ИДМ оид ба масъалаҳои интиқоли (таҳвили) манбаъҳои радиоактивӣ тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, масъалаҳои зикршуда баррасӣ гардиданд.

Дар асоси пешниҳоди гурӯҳи корӣ ва хулосаҳои қаблии вазорату идораҳо маълум гардид, ки барои гузаронидани расмиёти дохилидавлатии Созишнома, муқаррароти банди 3 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», мухолифат мекунад. Тибқи он, ба ғайр аз манъ намудани воридоти партовҳои радиоактивӣ, инчунин воридоти маводҳои радиоактивӣ манъ карда шудааст. Вале фаъолияти муайяни муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, илму маорифи кишвар бе истифодаи маводҳои радиоактивӣ имконнопазир аст.

Воридоти партовҳои радиоактивӣ ва коркарди он дар ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян манъ мебошад, зеро саноати истихроҷ ва коркарди уран дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷамъ шудани миқдори зиёди партовҳои радиоактивӣ оварда расонид, ки то ҳол таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва аҳолие, ки дар шафати партовгоҳҳои боқимондаи урандор (саноати уранӣ) зиндагӣ мекунанд, мерасад. Воридоти партовҳои радиоактивии иловагӣ ба ҷумҳурӣ аз дигар кишварҳо ба заҳролудшавии муҳити зист ва таъсири манфӣ ба саломатии аҳолӣ оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз, зарурат ба ворид кардани тағйи­рот ба қонун ба амал омадааст.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки сархати 3 моддаи 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», ба таври зерин ифода карда шавад:

«3. Ворид намудани партовҳои радиоактивӣ, инчунин транзити онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст».

Қабули қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин лиҳоз аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Абдуҷаб­бор Умарзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҷаббор УМАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2022 таҳти №1091 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираи об ва замин, кумитаҳои дигар ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади аз байн бурдани мухолифат дар қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, бо дарназардошти омӯзиши вазъи воқеии таъсири партовгоҳҳои радиоактивӣ аз давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқимонда, таҳия шуда, тибқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти дохилиро гузаштааст.

Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ чор пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, онҳо қабул шуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин 15 марти соли ҷорӣ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба мас­ъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонунро баррасӣ намуда, қабули онро ҷонибдорӣ намуданд, зеро он ба моддаҳои 13 ва 57-и Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта,  маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

 Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд.

Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ