10 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф бо иштироки ҳайатҳои васеъ, доир гардид.
Нахуст, муҳтарам Рустами Эмомалӣ меҳмони арҷманд — Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф ва ҳайати расмии кишвари ба мо дӯсту бародар Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Ҷонибҳо аз рушди бомароми ҳамкориҳои бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки талошҳои муштарак ва муколамаи дӯстонаи Роҳбарияти олии ду кишвар ба таъмиқи муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими равобити миёни мардумони ба ҳам бародар муссоидати муассир менамоянд.
Дар ин зимн, ҷонибҳо густариши равобити байнипарламентиро ҳамчун унсури муҳимми тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ арзёбӣ намуданд.
Мавриди амал қарор гирифтани қарордоди дуҷониба оид ба лаѓви раводид миёни ду кишвари дӯст ба муҳлати як моҳ омили неки таъмиқи муносибатҳои байнидавлатӣ ва равобити дӯстии мардумони Тоҷикистону Эрон дониста шуд.
Дар рафти мулоқот масоили густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар, баррасӣ шуд.
Афзоиши минбаъдаи сармоягузории ҷониби Эрон дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кӯҳӣ, кимиё ва металлургия, гидроэнергетика, нақлиёту коммуникатсия, коркарди сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба манфиати кор ҳисобида шуд.
Дар ин самт ба имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содироти минбаъдаи маҳсулот ба бозорҳои минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори он табодули андеша намуданд.
Дар идома, зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ ҷонибҳо оид ба раванди ташвишовари бесубот гардидани вазъи ҷаҳон, вазъияти ноором дар Ховари Миёна ва Афғонистон, тақвияти ҳамкорӣ дар самти таъмини амният ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ мубодилаи афкор намуда, аз ҳамкории пайвастаи Тоҷикистону Эрон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.