Наҷотбахши миллату давлат

№110 (4372) 04.09.2021

DSC_3284Гузашти марҳилаҳои гуногуни таърихи тамаддуни олам дар масири бунёду эъмори давлатдориву давлатсозӣ собит намудааст, ки танҳо миллат ва ё қавме ба таври созгор соҳиби манзалати хоса мегардад, ки номаи тақдирашро бо дастони хеш иншо карда бошад. Чунин рисолати муҳими таърихиро миллати мо охири асри гузашта бар дӯш дошт.

Асноду далел ва воқеияти рӯзгор муайян намуданд, ки кишвари мо барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ монеаҳои душвору сангинро паси сар намудааст. Тавзеҳи сухани муқаддимотӣ ин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар ба имтиҳони сангини таърихӣ, яъне ҷанги нангину хунини шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуданд.

Вақт ҳамчун довари бузургу беназир ба раванди марҳилаҳои гуногуни ҷомеасозӣ дар ҳама давру замон баҳои холисона дода, собит намудааст, ки маҳз шахсиятҳои бузург қодиранд инсонҳоро дар ҳалли ­масъалаҳои печидаву мураккаби сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ раҳнамоӣ кунанд, дар қалбу дидаи мардум умед ба зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшонро барафрӯзанд.

Соли 1991 дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад ва гурӯҳҳои манфиатдор мехостанд ба сари ҳокимият биёянд. Бо ин мақсад вазъро доимо муташанниҷ менамуданд. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаҳои Шӯрои Олӣ гузаронида намешуд, чунки вакилони мардумии онвақта наметаво­нистанд дар маркази ҷумҳурӣ ҷамъ оянд.

Ҳамин тариқ, 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Инчунин, маҳз дар ҳамон иҷлосия ояндаи кишвар ба унвони ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шуд.

Андеша ва садоқати азалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар лаҳзаҳои душвор миллату давлатро аз парокандагӣ наҷот дод.

Дар он шароити сангин шахсияти миллию фидокор — Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вуҷудаш рӯҳи миллӣ туғён менамуд, рӯи саҳнаи нанг омад ва бар мардум паёми иттиҳод расонид. Яъне, метавон афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ чун бузургону пешвоёни дигар дар рӯзи нахустини по бар арсаи раҳбарӣ ниҳодан ба мардуми тоҷик, раҳбару раҳнамо, ворису пешво гардид. Ташаб­бусу ибтикорот ва иқдомҳои башардӯс­тонаашонро аҳли сайёра дастгирӣ намуданд.

Маҳз он рӯйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ замина фароҳам созад. Яке аз дигаргуниҳои ҷиддие, ки дар солҳои баъдӣ давра ба давра падид омад, ворид намудани тағйиру илова ба Конститутсияи кишвар буд. Соли 1994 бо таваҷҷуҳ ба қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул шуд, шакли идории Тоҷикистон ба низоми президентӣ табдил дода шуда, дар асоси он муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб гардиданд.

Тавре аз саҳифаҳои таърихи навин маълум аст, кишвар то соли 1997 пойбанди моҷарои таҳмилӣ буд. Фарзандони миллате, ки дар Ватан бо як забон, як фарҳанг, як дину мазҳабу оин дӯстона кору зиндагӣ менамуданд, бо фитнаҳои бегонагон ба роҳи нобасомонӣ ҳавола шуданд. Дар чунон шароити ҳассоси таърих, ки миллат аз ҳам гусаставу дарвозаҳои муруввату дӯстӣ баста шуданд, шахсияте лозим буд, ки бо иродаи матин аламҳоро аз синаҳои мардум пок ва онҳоро муттаҳид намояд.

Бо мақсади иҷро ва дар амал тат­биқ намудани ҳадафҳо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои фидоии миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам оварданд ва дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки Истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар мамлакат таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти як қатор созмон ва ташкилотҳои сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта ва ба расмият шинохта шуд.

Натиҷаи чунин ҷоннисориҳои беғаразона буд, ки ҳоло кишвари моро ҳамчун Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ ­эътироф мекунанд.

Тибқи иттилои мавҷуда, то ҳол Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 173 кишвар муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии наздики 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Табиист, ки дар миёни ҷашнҳои миллии мо Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро касб намудаву сол аз сол қимати таърихиаш меафзояд. Зеро ин санаи таърихӣ дар саҳифаҳои соҳибистиқлолии миллиамон яке аз рӯйдодҳои муҳиму нодири таърихи навини кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, ёдовар шудан бамаврид аст, ки табиатан заминаи соҳибихтиёрии саросарӣ ба дӯши кишвари тозаистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккабу масъулиятнок гузоштааст.

Шикасти гузинаҳои идоракунӣ, набудани манбаъҳои иқтисодӣ ва фаъолияти ноустувори қонуни асосии кишвар эҳтимолияти ҳар лаҳзаву ҳар маврид ба нестӣ бурдани миллати моро таҳдид мекард. Вале таҳкими Истиқлолияти давлатӣ рушду инкишофи соҳаҳои хоҷагии халқро бо амалӣ намудани чор ҳадафи стратегии мамлакат: расидан  ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро ба роҳ мондааст.

Сабақи ибратомӯзи таърих, гузаш­таи пурифтихор ва афзалиятҳои давлатдории навини миллӣ бо таваҷҷуҳ аз таҷлили ҷашнҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар — 1100 — солагии давлатдории Сомониён то 2500 — солагии Истаравшани бостон, 2700 — солагии Кӯлобу бузургдошти Соли тамаддуни ориёӣ, 3000 — солагии Ҳисор ва 5500 — солагии Саразми бостон боиси омӯзишу қадршиносии ҳар як тоҷик буда, сархати роҳи устувори ояндабинӣ ва арзишҳои неки давлатдории миллиро муайян намудааст.

Дар пайи татбиқи омилҳои зикргардида хидмати арзишманде, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1310 — солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд. Мардум дар бораи Имом Абӯҳанифа маълумоти кофӣ пайдо намуда, аз таълимоти аслӣ ва ақидаи саҳеҳи мазҳабии худ (ҳанафӣ) огоҳ гаштанд. Дар симпозиум уламои барҷаста, муфтӣ ва қозиҳо, ходимони дин ва шахсони муътабар аз кишварҳои мусулмоннишин иштирок намуда, аксар олимони замон, новобаста ба равияву мазҳабашон бар он иттифоқ намуданд, ки ҳақиқатан Имоми Аъзам бузургтарин нобиғаи ҳар давру замон буда, мазҳаби тадвинкардаи ӯ мазҳаби таҳаммулпазир ва инсонпарвар мебошад. Яъне, собит карда шуд, ки таълимоти Имом Абӯҳанифа беҳтарин ва саҳеҳтарин манҳаҷи исломӣ буда, даъвои салафия ва бемазҳабонро ботил сохта, бо ин роҳ пеши роҳи фитнаандозиҳои дигарро баста аст.

Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Пешвои миллат нахус­тин маротиба китоби «Қуръон»-и карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид.

Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷи динии мардум аз ҳисоби Фонди эҳтиётии Президент ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ маблағ ҷудо гардида, садҳо асари гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои зиёд дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ чоп ва дастраси мардум гардонида шуданд.

Муҳимтар аз ҳама, роҳандозии чорабиниву иқдомҳои хайрхоҳонаи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва бузургдошти шахсиятҳои содиқи таърихиву сиёсӣ ва илмиву адабӣ имкон доданд, ки бори дигар мардуми сарбаланди тоҷик решаҳои худро аз гузаштаҳои дури дур дарёфт карда, пайванди азалӣ доштани хешро ба онҳо эҳсос намуда, устувор гардонад.

Албатта, ҳеҷ ҷойи шубҳа нест, ки ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми тоҷик дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар ба куллӣ тағйир ёфта, масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ тадриҷан ҳал гардид. Дар кишвар таҳти дастуру ҳидоятҳо ва кӯшишу заҳматҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди корҳои созандагиву бунёдкориҳо вусъати тоза гирифта, Ватани мо тавассути заҳматҳои содиқонаи мардуми ватандӯсту ватанпарвар ба як кишвари рӯ ба инкишофу тараққӣ мубаддал шуд.

Асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созанда, ҷӯяндаву навовари миллати тоҷик ва ҷавонони бонангу номуси он аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Маҳз мардуми соҳибфарҳанг ва ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд. Бо таваҷҷуҳ ба амалисозии омилҳои зикргардида ва дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ мо бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонону наврасон инкишофу тақвият бахшида, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри нав эмин нигоҳ дорем.

Вобаста ба ин, дар Паёми Пешвои миллат аз 26 декабри 2019 низ таъкид гардид, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон, зарур ва ҳатмӣ буда, дар робита ба ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар оилаи кишвар туҳфа намояд. Аллакай қисмати зиёди он бо сифати аъло аз  чоп бароварда шуда, ба мардум тақдим гардида истодааст.

Зимнан, маҳз тавассути соҳиб­истиқлолии Ватан рушди иқтисоди миллӣ ба марҳилаҳои сифатан нав расида, ба дурнамои устувори бахшҳои муҳими хоҷагии халқ заминаҳои мусоиду устуворро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, дар ин муддат рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, сатҳи камбизоатӣ аз 87 дарсади соли 1999 то ба 26,3 дарсад дар соли 2020 коҳиш ёфтааст.

Мусаллам аст, ки бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъати тоза касб намуда, татбиқи сифатноки онҳо бомаром идома дорад.

Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки дастовардҳои давлату давлатдории тоҷикон тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар қобили мулоҳиза ва зикри махсус мебошанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо дарки сабақи ибратомӯзи таърих аз ҳодисоти гузаштаи халқамон ва вазъияти кунунии сиёсатҳои ҷаҳонӣ шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиро ба ҷой орад, ба қадри Истиқлолияти давлатӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳм гузорад. Зеро дар давраи ҳассос ва мушкиле умр ба сар мебарем, ки ҳам номусоидии вазъи обу ҳаво, ҳам паҳншавии бемайлони бемории сироятии коронавирус, ҳам ҳодисаҳои пай дар пайи даҳшатангез, фоҷиабор ва ҳалокатовари табиат ва ҳам бархӯрди ҳамешагии тамаддун­ҳову низоъҳои пайвастаи дохилию геосиёсӣ шароити бе ин ҳам печидаи минтақаҳои алоҳида ва ҷаҳонро боз ҳам мураккабтар гардонида, хавфи ҳар лаҳза аз байн рафтани давлат, забон ё миллатеро ба миён метавонад биёрад. Поймол гаштани ҳуқуқҳои инсон, зӯроварӣ дар ҷомеа ва афзудани миқдори бекорон дар ҷаҳон ин вазъи ногуворро боз ҳам шиддатноктар намуда, дар натиҷа, боиси паст рафтани сатҳи зиндагии аҳолии сайёра гашта, қисми зиёди мамлакатҳоро ба буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ кашидааст.

Хидматҳои қиёснопазире, ки дар заминаи набуди камтарин имкониятҳои молӣ барои таъсису ҳастии миллати мустақилу воҳид, аз ҷониби Пешвои миллат рӯйи даст гирифта шуд, баҳояшро таърихи садсолаи охири башар, қариб ки ёд надораду ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон каси дигаре ҳам накардааст.

Вобаста ба ин ва бо дарназар­дошти хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, эъмори давлати миллӣ ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини ваҳдати миллӣ, муаррифии забон ва миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ, барои аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат, барои саноатикунонии босуръати кишвар, барои рушди иқтисодиёти мамлакат, барои рушди соҳаҳои иҷтимоиёти кишвар, аз қабили маориф, тандурустӣ ва фарҳанг, барои дар замири ҷавонони тоҷик эҳё намудани тафаккури миллӣ, барои рушду эҳёи арзишҳои миллӣ аз қабили нишон, парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ, барои таваҷҷуҳи хоса нисбат ба ҷавонон, барои пайваста дастгирӣ ва сарпарастии ятимону барҷомондагон, барои бақарор намудани натиҷаҳои офатҳои табиӣ, барои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, барои рушди соҳаи варзиши тоҷик, барои ташкили муносибатҳои дипломатӣ дар ҳама соҳа бо дигар давлатҳо, барои ташаббусҳои сатҳи байналмиллалӣ, барои некуаҳволӣ ва ба зиндагии шоиста расидани халқи тоҷик, пешниҳод менамоям, ки ба Қаҳрамони миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияту заҳматҳои бисёрсола, пурмаҳсул ва ба кишвари мутамаддину пешрафта табдил додани Тоҷикистони азиз ва ҷиҳати раҳонидани миллат аз маҳву парокандагӣ, бахшида ба 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони «Наҷотбахши миллат» дода шавад.

Зоир Раҳмонзода,

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин