Наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллат

№143 (4563) 15.11.2022

DSC_9145Чордаҳуми ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Президент дар мавзӯи «Садоқат ба Президент садоқат ба миллат аст» ҳамоиш баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки дар таърихи ҳар миллат рӯйдодҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар сарнавишти минбаъдаи он нақши ҳалкунанда мебозанд. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳз аз зумраи ҳамин гуна рӯйдодҳои таърихии сарнавиштсоз мебошад. Дар ин раванд, албатта, мақому мавқеи шахсиятҳои барҷаста, ки бо зарфиятҳои бузурги тафаккуру заковат, фаросату ҷасорати сиёсӣ ва аъмоли нек ба сарнавишт ва ояндаи дурахшони миллат ё давлат таъсири амиқ мегузоранд, нақши бориз дорад. Хушбахтона, дар иҷлосияи мазкур бо интихоби Раиси Шӯрои Олӣ ҳамин гуна як шахсияти воқеан соҳибватану сазовор, далеру шуҷоъ ва абармарди нотакрор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсати бузург қадамҳои мубораку устувор гузоштанд, ки таҳкими аркони давлатдорӣ, гузоштани асос­ҳои сулҳу ваҳдат, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ, рушди босуботи давлатдории навини тоҷикон бо фаъолияти созандаи ин фарзанди фарзонаи миллат робитаи ногусастанӣ дорад.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор намуд, ки то замони иҷлосияи таърихӣ яке аз фаъолтарин вакилон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешуданд ва дар такя намудан бо далелу асноди ҷолиб барои пешрафти кишвар пешниҳодҳои ҳадафмандона мекарданд.

Паёми нахустини Сарвари давлат аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд садо дод: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард…» шуълае дар дили мардуми азиятдида барафрохт.

Суханони самимӣ ва пурэҳсос, даъват ба ҳамдилӣ, ҳамраъйӣ ва дилсӯзиву ҷонфидоии Пешвои миллат дар рӯзҳои нахустини иҷлосия ба рӯҳи мардум тавон ва дар дили вакилон умеду бовариро ба фардои нек эҳё намуд. Аз ҳар баромадашон дар ҷаласаҳо эҳсос мешуд, ки бештар аз дигарон барои ин миллату халқ месӯзанд.

Дилрабо Мансурӣ панҷ амали таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки ба бунёди давлати муосири тоҷикон асос гузошт. Ин, пеш аз ҳама, таъсиси ҳокимияти давлатӣ, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимоякунандаи шаҳрвандон ва таҳияи низоми судӣ мебошад.

- Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, чорум барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуданд, — иброз намуд ӯ.

Номбурда зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ­ҷомеаи башарӣ пас аз касби истиқлолияти давлатӣ роҳи эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифт. Дар ин самт нақши мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бузург мебошад ва дар ташаккули таърихии он саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, зеро дар ташаккули ин мақомоти олӣ Пешвои миллат ҳам тавассути фаъолияти роҳбарияшон ба он ва минбаъд ҳамчун Роҳбари давлат дар симати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон нақши таърихӣ гузоштаанд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ёдовар шуд, ки дар аксар санадҳои тақдирсоз Президенти мамлакат на фақат ҳамчун Роҳбари давлат имзо кардаанд, балки дар зарурати таҳия ва қабули онҳо, мукаммал намудани маъниву мазмуни онҳо саҳми босазо гузоштанд.

- Нахустин қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо ташаб­буси Президенти мамлакат қабул шуданд. Тадбирҳоеро, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули миллат, таҳкими истиқлолият, рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон дар аксар самтҳо кардаанд, беназиранд. Мо масъулияти азимро ба уҳда дорем ва ин рисолати бузург дар эҳтиром ва қадршиносии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, — гуфт Дилрабо Мансурӣ.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки мо дар тӯли зиёда аз ҳазор сол ҳунари давлатдориву давлатсозиро фаромӯш насохтем, чунки дар ҳастии миллати мо ин қобилият нуҳуфтааст. Ин миллат роҳнамо, роҳбар, роҳкушо ва тоҷдору тоҷбасар буд, ҳаст ва мемонад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ ва сулҳофарию ваҳдатсолориро пешниҳод намуданд. Пешвои миллат комилан исбот намуданд, ки мо таърихан ва табиатан соҳибдавлатем ва таҷрибаи давлатдориву давлатсозие дорем, ки дар сиришти мо нуҳуфтааст. Роҳи сиёсату давлатдорие, ки дар се даҳсола паймудем, роҳи садсола аст.

- Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бе муболиға офтоби бахти тоҷикони рӯи дунё гардиданд. Эътибор ва нуфузи ин шахсият дар арсаи байналмилалӣ маълуму машҳур аст. Рӯзи Президент рӯзи қадршиносӣ ба заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин қадршиносиҳо обрӯи худи мост,- афзуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.

 Номбурда зикр кард, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо неруи хирад на танҳо фирориёни ҷанги шаҳрвандиро ба Ватан баргардонданд, балки нобиғаҳои садсола муқаддам ба ғурбатафтодаи миллатро соҳибӣ намуда, номҳояшонро эҳё намуданд. Ҷавононро аз майдони ҷанг ба саҳни донишгоҳу донишкадаҳо даъват карда, дастҳояшонро аз яроқу хун пок намуда, ба ҷои он дафтару хомаю китоб доданд.

- Воқеан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари Президенти мамлакат будан омӯзгорест, ки дар ҳар самте набошад, дарси волои инсонӣ медиҳанд, шахсияти барҷастаест, ки ба миллати тоҷик ва бахусус насли ҷавон, ҳамвора панд дода, ватандорӣ, ахлоқ, мардонагӣ ва таҳаммулгароиро меомӯзонанд. Суханҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикматанд. Дар онҳо сабурӣ, ботамкинӣ, ҷавонмардӣ, хирадпешагӣ ва фарҳанги олиро мебинем, ки барои ҳар фарди тоҷик мактаби омӯзиш аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои миллати тоҷик, балки ба сиёсатмадорони дунё мактаби сулҳофариро бунёд ва пешниҳод менамоянд,- хулоса намуд Зулфиқор Гулаҳмадзода.

Гавҳар Шарофзода узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон зикр намуд, ки тӯли 31 соли марҳилаҳои пурпечутоби таърихи навини халқи тоҷик Тоҷикис­тон ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил ёфта, кафили ин рушди босубот Президенти он мебошад.

Аз ин рӯ, мардуми шарафманди тоҷик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳаб­бат ва самимияти хос бо ибораҳои маҳбуб, муаззам, азиз, меҳрубон ва мардумӣ муроҷиат карда, армон ва орзуву омоли хешро иброз медоранд.

- Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба сарзамине мубаддал гашта буд, ки гӯё бори дигар муғули хунхор ба ин сарзамини бостонӣ сар задаву онро ба хоку хун ғарқ кардааст. Мардум пароканда, гуреза дар мулки Афғонистон гашта, сарзамин дар коми оташ афтода, ба қисматҳо пора гардида, зану фарзандони аксар хонадон бесарпаноҳ монда буданд. Зиёда аз 150 ҳазор нафар дар ин ҷанг фавтида, 55 ҳазор нафар ятими кулл гардида, зиёда аз як миллион нафар бесарпаноҳ монда, дар хоки Афғонистон рӯ ба раҳми Худованд буданд,- гуфт Гавҳар Шарофзода.

Барои сарҷамъ кардани мардуми саргаштаи мулки порагаштаи диёр бояд нафаре ба ин майдони нангу номус меомаду ҳамаро оқилонаву орифона сарҷамъ мекард. Дар он замони хеле ҳассосу ноумедиҳо, сарсониҳову саргардониҳо ва пуртуғёну парокандагиҳо ба майдон нафаре ҷилои нангу номуси хешро ба ҳамватанон ошно сохта, сарҷамъии мардумро бар уҳда гирифт.

Ин ҷавонмарди бонангу номус, сарсупурда, нотарсу далер, ватанпарвару ватандор, саршор аз меҳри Ватану сарзамин, ҷавони баору номус ва ба қавли худ устувор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

- Мушоҳидакорон тасаввур карда наметавонистанд, ки ин ҷавони чилсола, аз решапайванди шоҳмардони бузурги  аҳли Хуросон асту дар ҳастии худ мактаби бузурги Исмоили Сомониро аз ниёгон ба мерос дорад. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки асри Х барои миллати барӯманди мо асри тиллоӣ буда, аз шакли идора намудани давлат ва тарбияи фарзандони фарзонаи миллат дар рӯҳи дӯстдории марзу бум ва миллатҳо ҷаҳонӣ гашт. Пас аз ҳазор сол Худованд аз ин сарзамин фарзонамардеро ба ин миллати сарбаланду барӯманд тақдим кардааст, ки ӯ тавонист мардуми шарифашро сарҷамъ намуда, ваҳдат биофараду истиқлолиятро дар кишвар пойдор нигоҳ бидорад, — афзуд Гавҳар Шарофзода.

Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳамадулло Шерализода доир ба ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карданд.

Ҳамоишро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуда, изҳор дошт, ки  Роҳбари мамлакат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми дар он вазъ ташнаи сулҳу оромӣ фоли нек дониста, дар симои ӯ наҷотбахшу сарпарасти воқеии миллатро дарёфтанд.

Иқдоми нахустини Пешвои миллат дар ин мансаб аз эҳё ва ҷоннок кардани ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сар карда, аз марказ то маҳалҳо ибтидо гирифт. Ин имконият фароҳам овард, ки гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ дар қаламрави кишвар давлат­ро ҳамчун қувваи ягонаи танзимкунандаи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу амният эътироф намоянд.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Сайфиддин Суннатӣ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев