Муҳокимаи парламентӣ

Нақша барзиёд иҷро шуд, аммо манбаъҳои ба андозбандӣ ҷалбнашуда мавҷуданд

№145 (4565) 21.11.2022

IMG_2795Ҳабдаҳуми ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар 9 моҳи соли равон» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, ва намояндагони вазоратҳои молия, иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд.

Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки омилҳои имрӯзаи ноустувории системаи молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки оид ба пешгирии таъсири онҳо ба иқтисодиёти кишварамон чораҳои зарурӣ андешем.

- Дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоиро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад. Дар навбати худ, вазифаи тамоми мақомоти аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, вазифаи асосии сохторҳои дахлдор таъмини самаранокии иҷрои буҷети давлатӣ мебошад ва барои амалӣ кардани ин мақсад, пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷрои барзиёди он, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ, зиёд кардани даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, роҳ надодан ба хароҷоти иловагии бесамар ва баланд бардоштани интизоми молиявӣ дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ мебошад, — таъкид кард номбурда.

Сипас, гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода шунида шуд. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ ба 79,3 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 7,8 фоиз баробар гардид.

- Дар давраи мавриди назар гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба 5 миллиарду 410 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 18,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра музди миёнаи моҳона ба як ҳазору 693,7 сомонӣ баробар гардида, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Мусбат ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар имкон дод, ки нишондиҳандаҳои фискалӣ, аз ҷумла даромад, хароҷот ва касри буҷет низ, дар сатҳи муътадил нигоҳ дошта шаванд, — зикр кард нотиқ.

Дар ин давра иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар сатҳи 103,2 фоизи нақша таъмин ва ба буҷети давлатӣ 24,3 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Барзиёдии воридоти маблағ нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 757,4 миллион сомониро ташкил дод.

Аз он нигаронӣ шуд, ки аз ҳисоби ду сарчашмаи воридот 383,7 миллион сомонӣ, аз ҷумла (андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ 59,9 миллион сомонӣ) ва андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ 323,8 миллион сомонӣ, нақшаи даромад иҷро карда нашуд.

Нишондиҳандаҳои иҷрои буҷети давлатӣ назаррасанд, аммо манбаъҳои иловагии ғанигардонии буҷет мавҷуданд. Аз ҷумла, панҷ шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ уҳдадориҳоро аз рӯи контингенти умумии даромад ба маблағи умумии 90,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла шаҳри Роғун 68,4 миллион сомонӣ, Ҳисор — 7,9, Норак — 11,7, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,2 ва Панҷ 1,1 миллион сомонӣ таъмин накарданд.

Дар давраи зикршуда тавассути Раёсати андозсупорандагони калон ба буҷети ҷумҳуриявӣ 1,5 миллиард сомонӣ ворид шуд, ки он нисбат ба нақшаи пешбинишуда 16,1 млн. сомонӣ кам мебошад.

Маҳмадалӣ Қурбонзода эътироф кард, ки бо вуҷуди чораҳои андешидашуда мушкили ҳалталаб боқӣ мондани бақияпулиҳои андоз аст.

Бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бақияпулиҳои андоз аз эътибор соқит шуда бошад ҳам, дар ин давра бақияпулиҳои нав пайдо гардидаанд.

Ин нишондиҳанда нисбат ба аввали сол 263,9 миллион сомонӣ (32,7 фоиз) афзоиш ёфта, 1-уми октябри соли 2022 ба 1,1 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар нуҳ моҳи соли равон» ҳисобот дод.

Бино ба гуфти ӯ, нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ 103,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷети давлатӣ 24,3 миллиард сомонӣ ворид гардид.

Дар ин давра нақшаи андоз ва пардохтҳо дар ВМКБ 106,4 фоиз, вилояти Хатлон — 102,4, вилояти Суғд — 105,1, шаҳри Душанбе — 100,9 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 101,7 фоиз иҷро шуд.

Қисми даромади дохилии буҷетҳои маҳаллӣ 104 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 5,8 миллиард сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 219,2 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

- Моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ 23,2 млрд. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маб­лағҳои буҷетӣ 16,7 млрд. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилоти буҷетӣ 1,9 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 4,6 млрд. сомонӣ, равона шуд. Аз ҷумла, ба соҳаҳои ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 1,1 миллиард сомонӣ, маориф — 4,4 миллиард, тандурустӣ — 1,8 миллиард, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ — 2,9 миллиард, хоҷагии манзилию коммуналӣ — 1,3 миллиард, фарҳанг ва варзиш — 750,9 миллион, комплекси сӯзишворию энергетикӣ — 4,3 миллиард, кишоварзӣ — 679 миллион, сохтмон ва саноат — 187,7 миллион, нақлиёт ва коммуникатсия 1,6 миллиард сомонӣ ҷудо гардид. Барои пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷетӣ 5,1 миллиард сомонӣ ё 22,1 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ, дигар моддаҳои ҳимояшаванда, бахусус барои пардохти хизматрасонии коммуналӣ 279,2 миллион сомонӣ, идрорпулӣ 83,6 миллион сомонӣ, нафақа 2,3 миллиард сомонӣ, ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо 386,5 миллион сомонӣ пардохт шуд, — изҳор дошт номбурда.

Нотиқ афзуд, ки бо мақсади бунёди иншооти хусусияти иҷтимоӣ ва аҳамияти стратегидошта аз ҳисоби сармоягузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатӣ 4,2 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 198 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла қарзи асосӣ 134,6 миллион ва фоизҳои он 63,4 миллион доллар, пардохт шуд.

Моҳҳои январ – сентябри соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ нуҳ созишномаи нави қарзию грантӣ барои амалӣ намудани ҳашт лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 323,9 миллион доллари амрикоӣ, ки аз он 297,9 миллион (92 фоиз) грант ва 19 миллион (5,6 фоиз) қарз ва 7 миллион доллар (2,4 фоиз) саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба имзо расида, дар Маҷлиси намояндагон тасдиқ шудаанд.

Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади ҷалби маблағи иловагӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва дастгирии буҷети давлатӣ ҳамкорӣ ва мукотиботи зарурӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ мунтазам ба роҳ монда шуда, то охири соли ҷорӣ дар доираи 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ баимзорасии созишномаи нави қарзию грантӣ ба маблағи 434,5 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.

Муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода оид ба чораҳои андешида ҷиҳати иҷрои нақшаи андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, дар нуҳ моҳи соли 2022 иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102,9 дарсад таъмин гардида, ба ҷои 10 миллиарду 992,4 миллион сомонӣ, ба буҷети давлатӣ 11 миллиарду 311,3 миллион сомонӣ ворид гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар ВМКБ 106,4 дарсад, вилояти Хатлон — 102, вилояти Суғд — 105,1, шаҳри Душанбе — 100,9, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 101,7 ва Раёсати андози андозсупорандагони калон 96,5 дарсад таъмин шуд.

Иҷрои нақша аз тарафи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» — 70,9 дарсад, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикис­тон» — 90,4, ҶСК «Тоҷиктелеком» — 39,9, ширкатҳои мобилӣ — 57,5 ва ҶСК «НБО Роғун» 18,1 дарсад таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 408,3 миллион сомонӣ кам ворид гардид.

Сабабҳои асосии дар ин давра таъмин нашудани иҷрои нақша чун солҳои қаблӣ нокифоя афзоиш ёфтани манбаъҳои андозбандӣ, зиёд шудани хароҷоти беасос, фоидаи ночиз ё бо зарар ҷамъбаст намудани фаъолият, ба вуҷуд омадани арзиши изофа ҳангоми таҳвили мол, иҷрои кор ва хизмат­расониҳо, кам шудани шумораи коргарон ва музди миёнаи моҳона алоқаманд мебошад.

Ҳамзамон, дар ин марҳила иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ аз ҳисоби корхонаҳои ғайрибуҷетӣ – 96 дарсад ва андоз аз арзиши иловашуда 88,1 дарсад таъмин шуда, дар натиҷа ба буҷет 382,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла, аз ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда 32 ,6 миллион сомонӣ, ворид нагардид.

Аюбҷон Солеҳзода сабабҳои асосии дар ин давра кам шудани воридоти андоз ва пардохтҳо ба буҷетро тибқи муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири нав маҳдуд шудани ваколатҳои мақомоти андоз оид ба анҷом додани корҳои назоратӣ, аз ҷумла назорати камералӣ ва то 1-уми январи соли 2023 эълон гардидани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои ­фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, арзёбӣ кард.

Сардори Хадамоти гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода низ доир ба гардиши савдои хориҷа ва ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ маълумот дод.

Номбурда зикр кард, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ дар нуҳ моҳи соли 2022-юм 5 миллиарду 602,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,6 фоиз ё 1 миллиарду 212,2 миллион доллар зиёд мебошад. Аз маблағи умумии гардиши тиҷорати хориҷӣ ба воридот 3 миллиарду 793,7 миллион доллар рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 770,4 миллион доллар ё 25,5 дарсад зиёд мебошад. Содирот ба 1 миллиарду 808,8 миллион доллар баробар шуда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4 миллиарду  41,7 миллион доллар ё 32,3 фоиз афзуд.

Бино ба гуфти ӯ, барои нуҳ моҳи соли 2022 нақшаи ситонидани пардохтҳои гумрукӣ 4 миллиарду 782,7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ба буҷети давлатӣ 5 миллиарду 326,9 миллион сомонӣ ворид шуд, ки ба 111,4 фоизи нақша баробар аст.

Ба барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ такмили низоми маъмурикунонии гумрукӣ, аз қабили назорати муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотӣ, таъмини сифатнокии барасмиятдарории гумрукӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо субъектони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, пурзӯр намудани фаъолият дар самти пешгирии воридоти ғайриқонунии мол ва назорати баъд аз барасмиятдарории гумрукӣ мусоидат намуд.

- Дар натиҷаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани тадбирҳои дахлдор истеҳсоли як қатор молу маҳсулот дар дохили ҷумҳурӣ рушд карда, воридоти онҳо аз хориҷи кишвар коҳиш ёфт. Барои мисол, дар нуҳ моҳи соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 воридоти равғани рустанӣ 28,6 фоиз, макарон — 32,2, гӯшти мурғ — 34,8, маҳсулот аз санг, гач, семент 14,5, ҷиҳоз (мебел) -16,7, нӯшокиҳои спиртӣ — 38,8, маҳсулоти фарматсевтӣ — 11,9, хӯроки тайёр барои ҳайвонот — 10,8, маҳсулоти қаннодӣ аз шакар 8,1 фоиз кам гардид.

Дар нуҳ моҳи соли 2022 моли воридотии аз имтиёзҳои тарифию андозӣ дар шакли пурра ва ё қисман бархӯрдор 79 фоизи ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод»-ро ташкил намуд. Яъне, аз ҳаҷми умумии воридоти мол дар низоми гумрукии «Иҷозат барои муомилоти озод» 21 фоизи он (753,9 млн. доллар) пурра мавриди андозбандӣ қарор гирифта, арзиши гумрукии молҳое, ки нисбат ба онҳо имтиёзҳои тарифию андозӣ қисман татбиқ гардидаанд, 1 миллиарду 606,0 миллион доллар (44,8 фоиз) ва арзиши гумрукии молҳои пурра аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор 1 миллиарду 226,4 миллион долларро (34,2 фоиз) ташкил намудаанд. Дар маҷмӯъ, арзиши гумрукии моли воридотӣ, ки аз имтиёзҳои тарифию андозӣ бархӯрдор гардидаанд, ба 2 миллиарду 832,4 млн. доллар баробар буда, пардохтҳои гумрукии озодкардашуда ба ҳисоби миёна 4  миллиарду 348,8 млн. сомониро ташкил дод, — изҳор дошт Хуршед Каримзода.

Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода оид ба иҷрои қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот дод. Маълум гардид, ки дар нуҳ моҳи соли 2022 ба бучети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ, ки ба андозаи 2 миллиарду 622,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 2 миллиарду 559,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки 97,6 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Талаботи моҳонаи нафақа дар як моҳ 252,8 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 фоиз афзудааст.

Дар маҷмӯъ, иҷрои қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дap нуҳ моҳи соли ҷорӣ 2  миллиарду 423,6 миллион сомонӣ (99,8 фоиз) таъмин гapдидa, дар қиёс ба ҳамин дaвpaи соли 2021-ум 3,1 фоиз зиёд мебошад.

Муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода вобаста ба чорабиниҳои аудитории гузаронидаи Палатаи ҳисоб дар нуҳ моҳи соли 2022 маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра 131 чорабинии аудиторӣ гузаронида, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 210,4 миллион сомонӣ муайян гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта ба маблағи 62,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ин хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 19,5 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ 1,7 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 22,4 миллион, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 673 ҳазор, талафи воситаҳои пулию молӣ 71,7 миллион, маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳо 65,1 миллион, пардохти ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлатӣ 25,7 миллион ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 3,4 миллион сомониро ташкил медиҳад.

- Оид ба бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида чораҳои мушаххас андешида шуда, 208,9 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба буҷет 96,9 миллион сомонӣ, ба корхонаҳо 94,5 миллион сомонӣ ва тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17,5 миллион сомонӣ, барқарор шуд. Ин нишондиҳанда 99,3 фоизи маблағи умумии қоидавайронкуниҳои молиявиро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 71,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин, тибқи чораҳои андешидашуда аз ҳисоби қоидавайронкуниҳои молиявии муайянгардидаи солҳои қаблӣ 1,7 миллион сомонӣ барқарор шуд.

Файзалӣ Аҳмадзода, ҳамчунин, маълумот дод, ки ҷиҳати таъмини арзёбии истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар ин давра чорабиниҳои аудиторӣ оид ба баҳодиҳӣ ба ташаккул ва иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ дар ноҳияҳои Носири Хисрав, Шамсиддини Шоҳин, Шаҳритусу Хуросони вилояти Хатлон, шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан, ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ноҳияи Дарвози ВМКБ, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шаҳринав, Нуробод ва шаҳри Роғун гузаронида шуда, қоидавайронкуниҳои молиявӣ ба маблағи 32,6 миллион сомонӣ ошкор гардид.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ 32,6 миллион сомонӣ барқарор карда шуд.

Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода оид ба тафтишу санҷишҳои молиявии дар 9 моҳи соли ҷорӣ гузаронида маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, дар ин давра мутахассисони агентӣ 355 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, дар натиҷа 157,1 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид. Аз он хароҷоти ғайриқонунии пулӣ 10,8 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 27,6 миллион, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 44,6 миллион, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 5,5 миллион, талафи воситаҳои пулию молӣ 27 миллион, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет 41,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла, зимни тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷети ду вилоят ва 11 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ б 44,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардид, ки аз он ба муассисаҳои буҷетии вилояти Суғд 10,4 миллион сомонӣ, вилояти Хатлон 3,3, шаҳри Душанбе — 7,6, Ҳисор — 5,8, Конибодом — 3,5, Гулистон — 2,2, Хоруғ — 1,2, ноҳияҳои Ёвон — 4,6, Фирдавсӣ — 2,5, Восеъ — 1,1 миллион, Ҷалолиддини Балхӣ — 896,9 ҳазор сомонӣ, Шаҳристон — 784,7 ҳазор ва Тоҷикобод 650,5 ҳазор сомонӣ рост меояд.

- Зимни тафтиши фаъолияти 246 сохтори зертобеи вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ ба маблағи 76,6 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор ва 66,1 миллион сомонӣ (86,3 фоиз) барқарор гардид. Зарарҳои молиявии нисбатан калон дар ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф ва илм (23,2 млн. сомонӣ), ҳифзи муҳити зист (12,2 млн. сомонӣ), нақлиёт (6,1 млн. сомонӣ), саноат ва технологияҳои нав (5,8 млн. сомонӣ), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (2,3 млн. сомонӣ), мақомоти корҳои дохилӣ (1,9 млн. сомонӣ), Агентии захираҳои моддии давлатӣ (4,4 млн. сомонӣ), шабакаҳои тақсимоти барқ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Кӯлоб, Данғара, Спитамен (4,1 млн. сомонӣ), Агентии назорат дар соҳаи маориф (2,8 млн. сомонӣ), ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва КВД «Тоҷикаэронавигатсия»-и Агентии авиатсияи гражданӣ (2,6 млн. сомонӣ) ошкор шудааст, — зикр кард номбурда.

Санҷишҳои мутақобилаи гузаронидашуда зимни тафтиши филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» нишон дод, ки муҳосибони 27 ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳрҳои Кӯлоб, Ҳисор, Турсунзода, Роғун, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Восеъ, Данғара, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Тоҷикобод 7 миллион сомонӣ маблағҳои барои музди меҳнати кормандон пешбинишударо бо роҳи сохтакории асноди муҳосибӣ тасарруф намудаанд.

Дар маҷмӯъ, бо натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ 138,9 миллион сомонӣ (88,4 фоиз) зарари ошкоргардида барқарор гардид.

Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагон ба саволҳояшон аз масъулин посух гирифтанд.

Муҳокимаи парламентиро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуд. Вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул гардида, тавсияҳо дода шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ